Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 3 августи соли 2025 дар шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км бо иштироки варзишгарон аз 10 давлати ҷаҳон баргузор гардид, ки ҳадафаш рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» иброз шуд, ки ҳадафи ин ниммарафон, пеш аз ҳама, оммавигардонии варзиш, ҷалби мардум ба роҳгардии саломатӣ, рушди сайёҳии экологию варзишӣ, табодули таҷрибаи варзишгарони хориҷию дохилӣ дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ, тарғиби тарзи ҳаёти экологӣ, рушди эко-туризм ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мебошад.
Дар ниммарафон 200 нафар дӯстдорони варзиши экологию сайёҳии «трейлраннинг» (пиёдагардӣ дар масири кӯҳистон) бо ҳам рақобат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2024» беш аз 200 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок намуда буд. Ниммарафон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






