Дар ноҳияи Ёвон хонандагону омӯзгорон суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо карданд

Август 30, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2025–2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 ноҳияи Ёвон тамошои дастҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону хонандагони муассиса иштирок намуданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо бо ҳадафи таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳдӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни насли наврас сурат гирифта, оғози соли нави таҳсилро руҳбахшу хотирмон мегардонад.

Дар даромадгоҳи муассиса инчунин намоиши дастовардҳо ва маҳсули эҷодии хонандагон ба маърази тамошо гузошта шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Август 30, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид