Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии аъзои Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин, Котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин дар вилояти Синхай У Сяотсзюн мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шарикони стратегӣ буда, дар тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин давлатҳо нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин хеле назарас аст.
Муносибатҳои байнипарлумонии давлатҳо, ки пайваста рушду густариш меёбанд, ба таҳкими равобит дар дигар самтҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва роҳу нақлиёт мусоидат менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






