Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд

Август 19, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари ҳодисаҳои нохуши вобаста ба боронҳои шадид дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон давоми 48 соати охир дар маҷмуъ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин хусус рӯзи шанбе Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Покистон (NDMA) иттилоъ додааст, хабар медиҳад агентии «Синхуа».

Тақрибан 90,6 фоизи ҳолатҳои фавт бар асари обхезии шадид ва 6,4 дарсад бар асари фурӯрезии бомҳо сабт шудаанд, гуфта шудааст дар изҳороти ин раёсат.

Ба маълумоти созмонҳои наҷотдиҳанда, бориши шадид, обхезии ногаҳонӣ ва зарбаи раъду барқ ба 11 ноҳияи ин вилоят хисороти ҷиддӣ ворид намуданд, ки бар асари он бархе одамон бедарак шуда, харобиҳои густурда низ ба амал омадаанд.

Дар бораи харобиҳои миқёсан калон хабар расида, ҳамчунин гузориш дода шудааст, ки даҳҳо нафар дар зери харобаҳо мондаанд ва бисёре аз онҳоро обхезӣ бурдааст. Гурӯҳҳои наҷотбахш барои берун овардани зарардидагон ва ҷасадҳо аз зери харобаҳо кор мебаранд ва вазъ дар минтақа вахим боқӣ мемонад, хабар додааст ба агентии «Синхуа» намояндаи Хадамоти давлатии наҷот Билол Файзӣ.

Тибқи иттилоъ, аз оғози боронҳои мавсимӣ 26 июн дар Покистон бар асари бориши шадид 634 нафар ҳалок ва 768 нафар маҷруҳ шудаанд.

Минтақае, ки аз ҳама зиёд зарар дидааст, вилояти Хайбар-Пахтунхва мебошад, ки дар он 378 нафар ҳалок шудаанд. Дар шарқ- дар Панҷоб 164 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар музофоти Синд дар ҷануб ва Гилгит-Балтистон дар шимоли мамлакат мутаносибан 28 ва 24 нафар ҳалок шудаанд. 40 ҳалокшуда ба вилоятҳои дигар ва Исломобод рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки 18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари бориши шадид ва обхезиҳои фалокатовар ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми дӯсти Покистон ва наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор менамоям. Ба тамоми осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам».

АКС: «Синхуа»

Август 19, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд