Дар шаҳри Панҷакент бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бинои истиқоматии хуштарҳ ба истифода дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, бино аз нуҳ ошёна иборат буда, дорои 96 манзили барҳавои хуштарҳ мебошад.
Дар қабати аввали бинои истиқоматӣ маркази тиҷорату хидматрасонӣ ҷойгир буда, бино бо лифт, оби доимии нӯшокӣ, ки тавассути чоҳи амудӣ кашида мешавад, майдончаи бозии кӯдакон ва ҷой барои нақлиёт таъмин аст.
Дар маҷмуъ дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ 760 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳоло дар зиёда аз 224 иншоот, аз ҷумла 48 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 бинои муассисаи тандурустӣ, 14 бинои муассисаи таълимӣ, 2 бинои муасссисаи томактабӣ, 10 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, 4 меҳмонхона, 4 бинои маъмурӣ, 15 иншооти варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохтмон идома дошта, дар онҳо беш аз 2852 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






