Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Хушдомани беҳтарин» дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ду нафар занони шаҳри Панҷакент ғолиб дониста шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Зани ҳунарманд, иштирокчӣ ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи гуногун Мавлуда Абдураҳмонова аз шаҳри Панҷакент дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар вилояти Суғд беҳтарин дониста шуд.
Инчунин ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» Лӯъбат Шодиеваро дар радифи беҳтарин хушдоманҳои вилояти Суғд ҷой доданд ва ӯ соҳиби мақоми дуюм гардид.
Ғолибон ба даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо роҳхат гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






