Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст

Август 26, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то оғози соли хониши 2025-2026 таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ин давра истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба беш аз 1,9 миллион дона расонида шуда, суръати афзоиш 101,5 фоиз таъмин гардид.

Тавре сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, иҷрои нақшаи истеҳсолӣ барои солҳои хониши 2025-2026, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3,39 миллион дона муайян гардида буд, дар 7 моҳи соли равон 55 фоиз иҷро гардид. Иҷрои нақша, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба 58 фоиз, Суғд- 57 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 95 фоиз, шаҳри Душанбе- 42 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи марказ ба 35,5 фоиз баробар гардидааст.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар 137 корхонаи дӯзандагӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки 59 адади он ба вилояти Суғд, 48 адад ба Хатлон, 18 корхона ба навоҳии тобеи марказ, 9 корхона ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва се корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд.

Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Лахш, Нуробод, Роғун ва Сангвор либосҳои мактабӣ истеҳсол карда нашудаанд.

Сатҳи таъмини либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар 7 моҳи соли равон ба 26,1 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин омор дар вилояти Суғд ба 32,3 фоиз, Хатлон- 30,8 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 14,2 фоиз, шаҳри Душанбе- 14,9 фоиз ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 10,3 фоиз баробар гардид. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки матоъҳое, ки барои омода намудани либосҳои мактабӣ истифода карда мешаванд, истеҳсоли давлатҳои Чин ва Туркия мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 26, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд