Даври дуюми Фестивал-озмуни «Андалеб-2025» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи 12 номинатсия доир шуд
РӮДАКӢ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки ҳаваскорону ҳунармандон ва сокинони ноҳия даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Пеш аз оғози фестивал меҳмонон ва аъзои ҳакамон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои ҳунармандиро тамошо намуданд.
Фестивал-озмуни «Андалеб -2025» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи 12 номинатсияи муайянгардидаи Низомнома, иборат аз намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, навозиши якка, рақси якка, хор, намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳо, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, лапар, сурудҳои анъанавӣ, бахши ҳаҷвӣ ва сюитаи вокалӣ-хореографӣ бо сабки баланд ва маҳорати волои иҷрокунандагӣ баргузор шуд. Ҳунармандон аз ҷониби аъзои ҳакамон сазовори баҳои баланд гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ, дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстию фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкории онҳо, рушду тарғиби ҳунарҳои бадеии халқ, танзими анъана, расму оинҳои миллию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ











«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






