ИСТИҚЛОЛИЯТ — ФАЙЗУ БАРАКАТ ВА НУРУ ЗИЁ БА ХОНАДОНИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба истиқлоли тоҷикон

Август 31, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватанпарастию ватандӯстии мо мебошад. Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.

— Идеяи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст.

***

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд.

***

Мусаллам аст, ки дарки амиқи моҳияти истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулода дорад.

***

Маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем.

***

Мо халқе дорем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо равона месозад.

***

Муваффақ шудани давлатамон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад.

***

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид.

***

Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давра баробар омад, мо бо ҳифзи хусусияти милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.

***

Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад.

***

Ман итминони комил дорам, ки асри ХХI чун даврони кишвардории Сомониёни шарофатманд асри Тоҷикистони соҳибистиқлол, асри созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафтҳои бузурги миллати куҳанбунёди мо хоҳад гардид.

***

Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани давлатамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем.

***

Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар сокини мамлакат аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад.

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, Тоҷикистонро ба қаламрави воҳид табдил диҳад.

***

Таҳлили ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки рушди назарраси он таъмин гардида, қариб се баробар зиёд шудааст.

***

Дар чоряк асри истиқлолият татбиқи чандин лоиҳаҳои дорои аҳамияти миллӣ, бахусус дар самти энергетика, нақлиёт, сохтмон ва дигар самтҳо оғоз гардида, фазои сармоягузории мамлакатро ба куллӣ дигаргун намуд.

***

Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди   Тоҷикистони маҳбубамон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!

Август 31, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд