ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУҲИТИ ПАРЛУМОНӢ. Ояндае, ки имрӯз фаро мерасад

Август 6, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асри XXI амалӣ намудани технологияи зеҳни сунъӣ (AI) дар бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба раванди муҳим ва зарурӣ табдил ёфтааст. Далели равшани он, ки истифодаи васеи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад, қатъномаи таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шудааст.

Маводе, ки дар зер манзур мегардад, дар ҳошияи қабули қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» иншо шудааст.

— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (соли 2024) изҳор доштанд, ки ояндаи наздик қадамҳои устувор барои гузариши босуръати иқтисоди миллӣ ба шакли рақамӣ бо таъмини шаффофият ва самаранокӣ амалӣ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, хусусан зеҳни сунъӣ дар бахшҳои хизматрасонӣ ва низоми сабти давлатии шаҳрвандон ба таври густурда амалӣ мегардад.

Дарки неруи бузурги зеҳни сунъӣ дар таҳкими равандҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирад. Коршиносон ва муҳаққиқон вазифадоранд, ки хусусияти хоси зеҳни сунъиро таҳлил намуда, оқибатҳои татбиқ ва воридшавии он ба ҳаёти рӯзмарраи одамонро ба таври амиқ арзёбӣ намоянд.

Дар муҳити парлумонии бисёре аз давлатҳои муосир технологияҳои зеҳни сунъӣ ба таври васеъ истифода мешаванд, бахусус дар самтҳои марбут ба фаъолияти қонунгузорӣ. Ин технологияҳо, пеш аз ҳама, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардида, ба сифати василаи муассири татбиқи қонунҳо хизмат мекунанд ва самаранокии расмиёти қонунгузориро ба таври назаррас баланд мебардоранд.

Зеҳни сунъӣ ихтирооти нав нест. Ҳанӯз дар адабиёти илмии солҳои 1990 муҳаққиқон онро ҳамчун “самти илмӣ ва техникӣ, ки дар доираи он моделсозии зуҳуроти ҷамъиятӣ, аз ҷумла инсонмеҳварии онҳо дар фаъолияти ҳамарӯза мавриди омӯзиш қарор мегирад”, тавсиф намуда буданд.

Имрӯз бо шаклҳои гуногун қариб тамоми дастгоҳҳои техникӣ ва таҷҳизоти ҳаёти ҳаррӯзаи инсон бо технологияҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин ҳолат зарурати таъмини танзими ҳуқуқии дахлдор ва таҳияи меъёрҳои нави ҳуқуқиро тақозо мекунад. Бо вуҷуди ин, то ҳол Консепсияи ягонаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ ташаккул наёфтааст.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ дуруст иброз мегардад, ки истилоҳи “зеҳни сунъӣ” ба истилоҳи “зеҳни табиӣ” иртиботи мустақим дорад. Ҳамин тавр, аз замони ворид шудани он ба муомилоти илмӣ мафҳуми зеҳни сунъӣ ҳамеша дар партави маънои асосии “зеҳн” баррасӣ гардидааст.

Бо назардошти суръати баланди рушди зеҳни сунъӣ ва ҳамгироии он ба муносибатҳои ҷамъиятӣ масъалаи танзими ҳуқуқии он ва пешгирии мушкилоти эҳтимолии ҳуқуқӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами қонунгузории ҷаҳонӣ ва миллӣ табдил ёфтааст.

Дар ин замина ташаббусҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти субъектҳои таҳиякунандаи қонунҳо бояд ба тавозуни дуруст байни имконият ва хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ такя намоянд. Хусусан, ҳангоми баррасии масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва арзишҳои демократӣ зарур аст аз муносибати эҳтиёткорона, оқилона ва асоснок кор гирифта шавад.

Технологияҳои зеҳни сунъӣ бояд бо фаъолияти қонунгузорӣ мутобиқ карда шаванд, то тавонанд ба чолишҳои замони муосир посухи муносиб диҳанд, фаъолияти қонунгузориро самараноктар гардонанд ва муҳимтар аз ҳама, имкони табдилёбии онҳо ба унсури дорои пояи конститутсионӣ низ ба инобат гирифта шавад.

      Таҳлили сохторӣ ва функсионалии зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки он имкон дорад ҳазорон санад, қонун ва таҳқиқоти илмиро дар муддати кӯтоҳ таҳлил намуда, хулосаҳои муфид ва маслиҳатҳои пешгӯишаванда пешниҳод намояд. Моделҳои зеҳни сунъӣ ҳатто метавонанд таъсири эҳтимолии қонунҳои навро ба ҷомеа пешгӯӣ карда, воситаи муассир дар арзёбии оқибатҳои иҷтимоии санадҳои меъёрии нав шаванд.

Бо истифода аз торномаҳои ҳушманд ва чатботҳо шаҳрвандон метавонанд маълумоти ҳуқуқиро бо забони фаҳмо ва дастраси омма дарёфт намоянд. Ин амал метавонад сатҳи саводнокии ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардошта, нақши шаҳрвандонро дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бештар гардонад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи зеҳни сунъӣ дар муҳити қонунгузорӣ бехатар нест. Масалан, агар системаи зеҳни сунъӣ хато кунад, савол ба миён меояд: кист, ки масъули он хоҳад буд — барномасоз, мақоми қонунгузор ё худи система? Инчунин агар зеҳни сунъӣ маълумоти якҷониба ё нодурустро истифода кунад, ин метавонад ба қабули қарорҳои ғалат ва ҳатто хатарнок оварда расонад. Ҳамзамон коркарди маълумоти шахсии шаҳрвандон бояд мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқии ҳифзи маълумот ба роҳ монда шавад.

Воридшавии муназзами технологияҳои зеҳни сунъӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ дар бисёре аз кишварҳои дунё зарурати ташкили заминаҳои ҳуқуқии мувофиқ ва устуворро ба миён гузоштааст. Парлумонҳо дар кишварҳои гуногун ҷанбаҳои мусбат ва манфии татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои қонунгузориро фаъолона баррасӣ мекунанд ва баъзе аз онҳо аллакай таҷрибаи татбиқи амалӣ доранд. Масалан, Сенати Италия зеҳни сунъиро барои тасниф ва таҳрири қонунҳо, тафтиши шабоҳатҳои матнию семантикӣ ва муайян кардани қонунҳои соҳаҳои дахлдор, ки ба ислоҳоти ҳуқуқӣ таъсир мерасонанд, истифода мебарад.

Палатаи намояндагони ИМА аз зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии таҳлили фарқият байни лоиҳаҳо, тағйиру иловаҳо ва пешниҳоди санадҳо ба кор мебарад. Қонунҳо ва лоиҳаҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ таҳлил ва тафсир карда мешаванд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико танҳо соли 2023 дар 24 иёлат ва минтақаи Колумбия лоиҳаи қонунҳои марбут ба зеҳни сунъӣ пешниҳод гардиданд ва дар 14 иёлат қонунҳо қабул карда шуданд. Аммо қонуни сатҳи федералӣ дар мавриди танзими зеҳни сунъӣ то ҳол қабул нашудааст.

Таҷрибаи Бразилия низ қобили таваҷҷуҳ аст. Моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Порто Алегре бо ташаббуси аъзои парлумон Рамиро Росари ChatGPT барои таҳлили ҳамгироии маҷмуи васеи қонунҳо истифода шуд ва асосҳои воқеии ислоҳоти низоми қонунгузории кишвар муайян гардиданд.

Дар Думаи давлатии Федератсияи Русия зеҳни сунъӣ барои таҳлили маълумот, автоматикунонии равандҳои иттилоотӣ, таҳияи санадҳо ва пешгӯии равандҳои сиёсӣ истифода карда мешавад. Зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи воситаҳои технологӣ тавсиф шудааст, ки инсонро дар ҳалли масъалаҳо бо истифода аз малакаи худомӯзӣ ва қобилияти таҳлили зеҳнӣ дастгирӣ менамояд.

Парлумони Аврупо низ дар самти танзими зеҳни сунъӣ қадамҳои мушаххас гузоштааст. Соли 2020 якчанд қатъномаҳо қабул гардиданд, ки тибқи онҳо механизмҳои ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ муқаррар карда шуданд. Бо ин роҳ мафҳуми «зеҳни сунъӣ» ба қонунгузории кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ворид гардид ва истифодаи он расман қонунӣ шуд.

Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар ин замина таъкид менамояд, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ бояд бехатар, шаффоф, пайгиришаванда ва аз табъиз холӣ бошанд. Истифодаи чунин технологияҳо бояд зери назорати инсон қарор дошта бошанд.

Илова бар ин, технологияи зеҳни сунъӣ вобаста ба дараҷаи хатари эҳтимолии онҳо барои корбарон бояд тасниф ва таҳлил шуда, мувофиқи он қоида ва меъёрҳои танзимкунанда муайян карда шаванд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими воридшавии зеҳни сунъӣ ба муҳити парлумонӣ дар он аст, ки он бояд қодир ба дарки арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа бошад, то ки ба фарҳанги қонунгузорӣ таъсири мусбат расонад. Гарчанде технологияҳо имкон медиҳанд, ки ҳаҷми бузурги маълумот таҳлил шавад, қобилияти арзёбии қарорҳо аз рӯи меъёрҳои инсоният, ахлоқ ва адолат танҳо дар ихтиёри инсон боқӣ мемонад.

Зеҳни сунъӣ метавонад усулҳои зуд ва муассири танзими муносибатҳои ҳуқуқиро пешниҳод кунад, вале ҳанӯз қобилияти арзёбии оқибатҳои ҳуқуқӣ дар заминаи адолати иҷтимоӣ ва инсонмеҳварӣ дар сатҳи инсони комил вуҷуд надорад.

Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) қадамҳои ҷиддӣ гузошта, марҳилаҳои муҳими индустриализатсияро босуръат паси сар мекунад. Ин раванд бо шарофати густариши шабакаҳои мобилӣ, мавҷудияти платформаҳои рақамӣ ва тавсеаи таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мегардад.

Ҳанӯз соли 2022 Тоҷикистон нахустин Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул намуд. Ҳадафи калидии ин стратегия — расидан ба он аст, ки то соли 2040 на камтар аз 5% Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ  тавассути истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ таъмин карда шавад.

     Татбиқи стратегия дар заминаи рушду вусъати шабакаҳои мобилии насли нав, рақамисозии идоракунии давлатӣ, пайдоиши стартапҳо ва рушди фаъоли неруи инсонӣ дар бахши IT амалӣ мешавад. Барои ҳамоҳангсозии ин раванд дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав Шурои миллии зеҳни сунъӣ (AI Council) таъсис дода шудааст, ки ширкатҳои ватанӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташаббускорони инфиродиро ба ҳам мепайвандад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии қонунбарор дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад. Бо афзоиши ҳаҷми иттилоот талабот ба мониторинг ва таҳлили амиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зарурати истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти парлумонӣ торафт бештар мегардад.

Дар семоҳаи аввали фаъолияти даъвати нав бо ташаббуси гурӯҳи кории доимамалкунанда «Консепсияи рақамикунонии фаъолияти Парлумон» таҳия гардид. Ин санад замина фароҳам меорад, ки ҳамаи марҳилаҳои кори қонунгузорӣ — аз таҳия то овоздиҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ амалӣ гарданд. Дар доираи Консепсия муоширати дуҷониба бо ҷомеа тавассути веб-платформаҳо, замимаҳои мобилӣ ва портали ҳуқуқӣ, омӯзиш ва таҳлили лоиҳаҳои қонунгузорӣ бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ, автоматикунонии равандҳои ворид, таҳлил ва муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳо, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯи самараноки маълумот тавассути воситаҳои интеллектуалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ тадриҷан ба воситаи муҳим дар самти фаъолияти ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ табдил меёбад. Он метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ карда шавад — ҳамчун ёвари таҳлилгар, системаи ташхиси хатгиҳо, платформаи таҳлили таъсир ва дигар намудҳои дастгирии қонунгузорӣ кумакрасон бошад.

Бо вуҷуди ин бояд таъкид кард, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ наметавонанд фаъолияти пурраи зеҳнии инсонро иваз намоянд. Онҳо танҳо чун воситаи иловагии баландбардории самаранокӣ ва шаффофият дар таҳияи санадҳо боқӣ мемонанд. Қабули қарорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бояд ҳамеша бо омили инсонӣ, масъулияти ахлоқӣ ва таҷрибаи ҳуқуқшиносӣ ҳамоҳанг бошанд.

Ҳамин тариқ, рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ дар муҳити  парлумонӣ дар посух ба талаботи замони рақамӣ ва бо назардошти дурнамои ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Тоҷикистон дар ин самт бо қабули стратегияҳои миллӣ, ташкили инфрасохтори муосир ва рушди низоми танзими ҳуқуқӣ ба сӯи ҷомеаи рақамӣ бо иқдоми муассир пеш меравад. Технологияи зеҳни сунъӣ зимни истифодаи ҳушмандона ва бо назорати инсонӣ метавонад ба воситаи калидӣ дар таъмини шаффофият, самаранокӣ ва дастрасии бештар ба адолати ҳуқуқӣ мубаддал гардад.

 Илҳом КАМОЛЗОДА,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ

Август 6, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми баҳогузории 10-хола заминаи асосии ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тарбуз дар тобистон камобшавии бадан ва баланд шудани фишори хунро пешгирӣ менамояд
ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Дар ин самт кадом мушкилот ҷой доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ҷаъфарӣ ба биниш ва саломатии чашм муфид аст
Файзалӣ Идизода дар Женева оид ба дастовардҳои парламенти Тоҷикистон сухан гуфт
Раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи сатҳи баланд дар Женева иштирок намуд
200 нафар занони соҳибкор аз грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мегарданд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Фарҳод Раҳимӣ: «Иқдоми стратегии Президенти Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле саривақтӣ аст»
Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар Женева иштирок менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани туршак организмро ҷавон карда, масуниятро баланд мебардорад
Барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидаанд