Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид

Август 18, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф ва ҳайати илмӣ таҳти роҳбарии доктор Свения Бонманн аз Донишгоҳи Кёлн масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Зафаршо Иброҳимзода аҳамияти ин вохӯриро барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ ва илмӣ таъкид намуд. Ҳамзамон доир ба нақша ва шароити баргузории ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» маълумот дода шуд.

Директори Осорхонаи миллӣ гуфт, ки мавзеи мазкур дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ буда, аз замонҳои хеле қадим то имрӯз боқӣ мондааст. Зимни суҳбат аз ёдгориҳои таърихии Дараи Алмосӣ ва Ҳалқаҷар дар Тоҷикистон ва ёдгориҳои Работак ва Миси Айнаки Афғонистон ёдоварӣ карда шуд, ки аз онҳо осори катибадор бо хати бохтарӣ кашф гардидааст.

Натиҷаҳои экспедитсияи муштарак дар нашрияҳои миллӣ ва байналмилалии илмӣ чоп хоҳанд шуд, ки имкон медиҳанд ёдгориҳои нодир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд. Омӯзиши бозёфтҳои ин мавзеъ метавонад марҳилаи муҳими омӯзиши таъриху анъана ва хату забони сулолаи Кушониён гардад. Таҷрибаи мутахассисони олмонӣ дар соҳаи хониши хатҳои қадим, аз ҷумла хати бохтарӣ имкон медиҳад, ки оид ба ин давра маълумоти дақиқтари илмӣ ба даст оварда шавад.

Бостоншиносони олмонӣ гуфтанд, ки давраи сулолаи Кушониён таваҷҷуҳи бузурги муҳаққиқонро дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб намудааст. Натиҷаҳои омӯзиши ин макон метавонад ҷомеаи ҷаҳонро бо таърихи ғании худ ба ҳайрат орад.

Дар анҷоми мулоқот Йорк Шуграф ва ҳамроҳонаш толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 18, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид