МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар шароити хона консерва безарар ва хушсифат омода шавад?
ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тобистон дар Тоҷикистон давраи фаровонии меваю сабзавот мебошад. Ин айём замони мусоид барои аз меваю сабзавот омодасозии шарбат, афшураву консерваҳо ва захира кардани онҳо барои зимистон мебошад. Ҳоло дар бозорҳои мамлакат зардолу, олу, олуча, қулфинай, гелос ва дигар меваю сабзавот фаровон мебошад ва кадбонуҳои тоҷик ҳамарӯза аз онҳо ҳар гуна мураббою афшураҳоро барои зимистон захира менамоянд. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот дар шароити хона чӣ бояд кард?
Тибқи тавсияи мутахассисон, ҳангоми коркард, омода намудан ва нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда занон бояд қоидаҳои санитарию гигиениро ҳатман риоя намоянд. Меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд, ки дар тамоми фасли сол барои организм заруранд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки барои организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, барои омода намудани консерва аз сабзавоти вайроншуда, пӯсида ва дигар иллатдошта худдорӣ бояд кард.
Дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури Офтоб хушк мекунанд, ки ин ба захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар Офтоб асту ба қисми дигар нури он намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст.
Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.
Коркард ва нигоҳдорӣ дар хона бояд хеле бодиққат ва амиқ анҷом дода шавад. Баъд аз маҳкам намудани зарфи консерва онро ғелонед, то боварӣ ҳосил кунед, ки сарпӯш пурра маҳкам шудааст, вагарна ҳавое, ки пас аз гардиш дар онҳо баста мешавад, боиси ферментатсияи маҳсулоти дохили зарфҳо мегардад ва онҳо метарканд. Баъди каме хунук шудан зарфҳоро ба ҷои нигоҳдории доимӣ кӯчонидан ва чаппа гузошта, болояшонро бо матои ғафс пӯшонидан даркор аст, то гармӣ нигоҳ дошта шавад. Новобаста аз он ки чӣ гуна консерва аст, беҳтар аст, ки онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред, махсусан аз ҳарорати баланд ва нури Офтоб бояд дур нигоҳ дошт.
Агар зарфи консервашуда сарпӯшаш дамида ва обаш тирагашта бошад, онро истеъмол накунед ва аз он ҳатто начашед. Зеро миқдори камтарини заҳри ботулинӣ хатарнок аст. Инчунин ба хӯришҳои аз боимҷон, бодиринг ва карам, лӯбиёи сабз, лаблабу, занбӯруғ омодашуда аҳамият диҳед. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол накунед.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани маҳсулот ё дар шароити хона нокифоя тамиз кунондани зарфу маҳсулот ва риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм пайдо мегардад.
Дар консерваҳои сабзавотии табиӣ ба ғайр аз об барои беҳтар намудани таъм каме намак, мурч ё намаку шакарро якҷоя карда, меандозанд. Чунин усул таъми консерваҳо, бӯй ва витаминҳои сабзавотро маҳфуз медорад. Зеро 35–40 фоизи таркиби консерваи сабзавот аз моеъ иборат аст, ки онҳо моддаҳои пурқимати ғизоӣ – қанд, намакҳои минералӣ ва кислотаҳо, инчунин витамини С доранд. Оби консерваҳои сабзавотии табииро ба шӯрбо ва дигар таомҳо андохтан мумкин аст. Микдори витамини С дар консерваҳои сабзавоти гулкарам 25 – 30 мг фоиз, пюреи исфанох 20 – 25 мг фоиз мебошад.
Тибқи тавсияи мутахассисон, консерваҳои дар банкаҳо маҳкамро дар ҷои хушки ҳарораташ муътадил дуру дароз нигоҳ доштан мумкин аст.
Онҳоро дар ҷои гарм (масалан дар назди асбоби гармкунанда) нигоҳ доштан мумкин нест, зеро дар чунин шароит витаминҳо ва сифаташ вайрон мешавад. Агар маҳсулот дар банкаҳои тунукагии ғайри локандуд нигоҳ дошта шаванд, онҳо бо мурури замон таъми нохуши оҳанро қабул мекунанд. Инчунин консерваҳои сабзавотӣ, нӯшокии мева ё шарбати онро аз ях бастан эмин бояд дошт, зеро баъди он таъм ва сифати худро тағйир медиҳанд. Агар онҳоро дар ҷойи сернам нигоҳ дорем, сарпӯшҳои онҳо занг зада, ба маҳсулоти даруни он бетаъсир намемонад.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон






