МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани ангур хатари паст шудани биноиро пешгирӣ менамояд

Август 31, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки агар инсон ҳамарӯза 15 дона ангури сурх истеъмол кунад, 40 фоиз хатари паст шудани биноиро пешгирӣ менамояд. Инчунин агар се моҳ мунтазам ангур истеъмол кунад, хуб шудани хотираро эҳсос мекунад.

Меваи ангур на танҳо дар намуди тару тоза, балки дар намуди хушконида ва маҳсулоти коркарди саноатӣ истифода бурда мешавад, ки барои саломатии инсон хеле муфид мебошад. Хусусияти дигари ангур он аст, ки якчанд навъи онро дар сардхонаҳо ва биноҳои махсус ба муддати 6-7 моҳ (октябр- май) нигоҳдорӣ кардан мумкин аст. Ин барои бо ғизои сервитамин ва тару тоза таъмин намудани талаботи аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар таркиби ангур гурӯҳи калони витаминҳо, ба монанди А, В, С, Д ва қандҳо, ба монанди глюкоза, фруктоза то 35%, кислотаҳои органикии ангурӣ, себӣ, сафедаҳо, пектинҳо, моддаҳои минералӣ — калий, калсий, фосфор, оҳан ва монанди инҳоро дорад. Дар 1 кг ангур аз 18 то 27% қанд мавҷуд буда, дорои 700-900 кило калория қувватнокӣ мебошад. Қувватнокии як литр шарбате, ки дар он 1,5 кг ангур истифода мешавад, ба 650 грамм гӯшти гов баробар аст.

Ба тавсияи мутахассисон, ангур меваи сабуке аст, ки ҳангоми ҳазм нашудани ғизо ва ё дарди меъда сабукӣ меорад. Инчунин ба қабзияти шикам низ мусоид буда, дарди рӯдаву меъдаро бартараф месозад. Инчунин он хусусияти осон кардани фаъолияти гурдаро дошта, истеъмоли он ба паст шудани кислотаҳо дар пешобдон мусоидат мекунад. Агар ангури дорои ранги равшанро бештар истеъмол кунед, оҳиста – оҳиста қуми талхадонро нобуд сохта, гурдаро низ тоза мекунад. Ангур, ки пешоброн аст, варамҳоро низ бартараф мекунад.

Мева ва барги токро дар тайёр кардани зиёда аз 100 номгӯй таъомҳо ва маҳсулоти саноатӣ истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ меваи ангур ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани афшура, нӯшокиҳои беалкагол, шаробҳои гуногуну шампон истифода мешавад. Меваи хушки он дар қаннодӣ, пухту пази таъом ва нонпазӣ низ васеъ истифода мегардад.

Табибон ба нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд мебошанд, истеъмоли ангурро тавсия намедиҳанд. Инчунин нафарони дорои фишорбаландӣ хуб мешуд аз истеъмоли пайвастаи он даст кашанд.

Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шудааст, ки истеъмоли ангур хурӯҷи бемориҳои такрорёбандаро хеле кам менамояд. Мутахассисон муайян намудаанд, ки дар таркиби ангур қариб 150 моддаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ба организми инсон таъсир мерасонанд. Хусусияти шифобахшии ангур ба чӣ қадар пухта расидан, хусусияти хок ва микроиқлим вобаста аст. Истеъмоли як пиёла шарбати ангур дар фасли зимистон ба организм нафъи беандоза дорад. Дар шарбати ангур ҳамаи хусусияти шифобахшии ангури тару тоза мавҷуд аст.

Шарбати ангур дорои моддаҳои калий ва пектин буда, ривоҷёбии судабандии бофтаҳои узвҳо (склероз)-ро пешгирӣ менамояд. Ба ҳамин хотир мутахассисон истеъмоли ин шарбатро маслиҳат медиҳанд.

Агар шахс ҳар рӯз ба миқдори кам мавиз истеъмол намояд (мавиз ҳам маҳсули ангур аст), аз сулфаи балғамдор ва сафро халосӣ ёфта, хотирааш мисли қаблӣ барқарор мешавад.

Олимону селексионерони халқӣ зиёда аз 80 навъи гуногуни ангур баровардаанд, ки имрӯз қисми зиёди онҳо, ба монанди «Тойифии гулобӣ», «Тойифии сафед», «Кишмиши сиёҳ», «Кишмиши сафед», «Нимранг», “Миёна”, «Ҳусайнии сиёҳ», «Ҳусайнии сафед», “Султонӣ” (Ҷавз), «Муғчалонӣ», «Шоҳона», «Ғалаба» ва ғайра дар минтақаҳои токпарварӣ парвариш карда мешаванд. Навъҳои алоҳида дар ин муҳлатҳо пухта мерасанд: ба монанди ангури пешпаз, миёнапаз, миёнаи дерпаз ва дерпаз. Навъҳои ангур аз рӯи самти таъйинот ба навъҳои хӯрданибоб, мавизию кишмишӣ ва техникӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар осоишгоҳҳо бо меваи хушку тари ангур (ампелотерапия) бемориҳои диққи нафас, гурда, дил, меъда, рӯда, камхунӣ, сили шуш, харобии системаи асаб, сусту лоғар шудани организм ва дигар намуди бемориҳоро табобат мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст