МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли каду бехобиро рафъ ва кори дилро муътадил нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар як рӯз 100 грамм каду истеъмол намоем, пас бунияи мо аз 29 то 30 килокалория неру ҳосил менамояд. Каду ғизои латиф аст, ки ташнагиро мешиканад, сулфаро рафъ месозад, барои бемориҳои синдроми метаболикӣ, яъне ниқрис (подагра) манфиати хуб дорад. Равғанаш барои сулфа ва дарди қафаси сина муфид аст. Абуалӣ ибни Сино низ кадуро барои табобати варамҳое, ки аз таъсири гармӣ ба вуҷуд меоянд, муфид фармудааст, чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Дар таркиби каду 90,32 фоиз об, 9,68 фисад моддаҳои хушк, 1,1 фоиз сафеда, 6,5 фоиз карбогидридҳо, каротин, равған, витаминҳои В1, В2, В6, В9, РР, С, макроэлементҳои К, Са, Mg, Р, микроэлементҳо, олтингӯгирд, хлор, оҳан, йод ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин дар тухми он 48-50 фоиз равған, 28 фоиз сафеда ва ба миқдори муайян макро-микроэлементҳо вуҷуд доранд, ки истеъмоли онҳо барои организми инсон ниҳоят зарур мебошад.
Ба тавсияи табибон, истифодаи он барои нафароне, ки аз ғизои серкалория азият мекашанд, фоидаи хуб дорад. Асосан барои муолиҷа тухм, дона, кӯфтаи мағз, ҷӯшобаи тухмдонаҳо ва дилаи кадуро аз қадимулайём то имрӯз истифода мебаранд.
Дар тибби мардумӣ мағзи донаи кадуро барои рафъи гиҷҷаҳо, яъне кирмҳои рӯда ба таври васеъ истифода мебаранд. Онро барои бемориҳои масона ва ҳангоми сустшавии кори ғадуди простата низ истифода менамоянд. Дар тибби Озарбойҷон шираи кадуро барои муолиҷаи заъфҳои кӯҳна ва дар тибби Тибет барои бемориҳои ҷигар, гурда, дил, илтиҳоби пардаи луобии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба таври васеъ истифода мебаранд.
Таркиби дилаи каду аз маводи калий ва магний бой аст. Агар гирифторони бемориҳои дил истифодаи дилаи кадуро дар шакли хом чун хӯриш омода намуда, истифода баранд, ин барои онҳо фоидаи калон дорад.
Таҳқиқоти илмӣ муайян намудааст, ки дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад ва мубодилаи моддаҳоро дар худи буния ба танзим медарорад. Шираи кадуи хом барои оромии асабҳо ва ба танзим даровардани кори асабҳо низ ниҳоят фоидабахш аст.
Одами камхоб ё пиронсол ҳар шаб 2-3 қошуқӣ аз шираи кадуи хом пеш аз хоб истеъмол намояд, метавонад бароҳат хоб равад. Каду хусусияти хуби пешобронӣ дорад. Истифодаи каду дар хӯрок имкон медиҳад, ки он намакҳое, ки дар гурда ҷамъ ва сабаби пайдоиши сангҳо мешаванд, ба воситаи зиёд шудани пешоб аз организм хориҷ гарданд.
Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба кадуро истифода намуд. Барои одамоне, ки аз 45-50-сола боло мебошанд, дар як рӯз 25-30 дона мағзи кадуро истифода намудан бисёр нафъовар аст.
Яке аз хусусияти хуби дигари каду он аст, ки аз он дар шароити хона ҳар гуна хӯрокҳо, чун ширкаду, кадушӯрбо, кадуи таги алов, гӯшту кадубирён, самбусаи кадугӣ, мантуи кадугӣ омода намудан мумкин аст.
Бештари сокинон барои зимистон каду захира намуда, тамоми фасли сармо аз он ҳар гуна хӯрокҳои лазиз омода менамоянд.
Каду яке аз растаниҳои ниҳоят муҳими ғизоии яксола буда, ба оилаи кадугиҳо мансуб аст. Ватанаш дар асл маълум набуда, танҳо як далеле мавҷуд аст, ки гӯё онро 5 ҳазор сол пеш дар Мексика парвариш менамудаанд. Дар Мисри қадим низ онро ҳамчун маводи ғизоӣ истифода мебурдаанд. Каду дар тамоми мамолики дунё парвариш ва истеҳсол мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун растании ғизоӣ қариб дар ҳама минтақаҳо парвариш намуда, истифода мебаранд. Хусусияти шифоӣ ва ғизоии каду асосан ба таркиби кимиёияш вобастагии зич дорад.
Таркиби каду асосан то 90-92 фоиз об дошта, то 5,2 фоиз равған дорад. Ба ғайр аз ин, дар он сафедаҳо, карбогидратҳо мавҷуд ҳастанд. Агар дилаашро дида бароем, аз 4 то 9 фоиз қанд, то 6% оҳар, 1,7 % маводи пектинӣ дорад. Таркиби каду аз унсурҳои калий, магний ва фосфор низ бой аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






