МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад

Август 16, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо пухта расидани меваҳо дар фасли тобистон кадбонувони мо барои захираи фасли зимистон аз ҳар гуна меваҳо мураббоҳои лазизу хуштамъ омода менамоянд. Зеро истеъмоли мураббои мевагӣ дар фасли зимистон фаъолияти рӯдаҳоро танзим карда, кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад, баданро аз бемориҳои эҳтимолӣ муҳофизат мекунад, имунитетро мустаҳкам намуда, шамолхӯрӣ ва сулфаро пешгирӣ ва камхуниро бартараф месозад.

Ба тавсияи мутахассисон, беҳтарин мураббо он аст, ки шакли меваи он дар қиём тағйир наёбад. Мурабборо бо ду тарз омода мекунанд- як навъашро бе омода намудани қиём ва навъи дигарашро бо шакар омехта карда, аз шарбати худаш тайёр мекунанд.

Барои омода намудани мураббо бояд навъи хуб пухтарасидаи мева интихоб карда шавад. Дар аввал меваро бо тарзи дилхоҳатон буред ва ҳатман донаи онро ҷуда намоед. Сипас дар оби хунук баробар бо ҳаҷми мева шакар илова намуда, қиём тайёр намоеду меваро илова карда, дар оташи паст ҷӯшонед.

Тарзи дигари омода намудани муррабо ин аст, ки меваро дар оби хунук дар оташ ҷӯшонед ва вақте, ки мева рангашро дигар карда, обаш ранги меваро гирифт, онро аз об ҷудо намоед. Сипас ба оби мева шакар омехта карда, қиём омода созед. Онро хунук карда, меваи пухташударо якҷо намоеду боз дар оташи паст ҷӯшонед. Бояд гуфт, ки баъзе меваҳоеро, ки дар таркибашон об зиёд мебошад, баъди шуста, тоза ва реза кардан бо шакар омехта, 5 ё 8 соат нигоҳ дошта, дар ҳарорати паст омода намоед. Оташи мураббо набояд баланд бошад.  Мурабборо ду ё се маротиба дар муддати кӯтоҳ ҷӯшонидан зарур аст, пеш аз ба зарф гирифтан мураббо бояд хунук бошад.

Барои ҳама гуна мураббо сифати қиём аҳамияти калон дорад. Агар мураббо хуб пазад, он гоҳ қиём шаффоф мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки мураббои пухта дар оби хунук тез ҳал намешавад. Барои беҳтар намудани таъм ва ранги мураббо ҷавҳари ванилин, лимӯ ва заъфаронро истифода баред. Шакар як консерванти қавӣ аст, аз ин рӯ ҳар гуна мураббо метавонад муддати дароз нигоҳ дошта шавад ва агар шумо қоидаҳои гигиенаро риоя кунед, мураббо тамоми зимистон таъму сифати худро нигоҳ медорад. Мурабборо дар ҳарорати аз 5 то 25 дараҷа гармӣ дар ҷои торик нигоҳ доред, ҳадди ақалл он бояд баъзан шамол дода шавад. Ҳангоми тайёр кардани мураббо кафки болои мурабборо хориҷ кунед. Агар мураббо ғафс нашуда бошад, тавсия дода мешавад, ки боз ҳам ҷӯшонида шавад.

Зарфҳои алюминӣ барои пухтани мураббо тавсия дода намешаванд. Барои омода кардани мураббо зарфҳои сирдор созгор ҳастанд. Зарфи шишагинро пеш аз гирифтани мураббо хуб тамиз ва хушк намоед.

Ҳоло яке аз меваҳое, ки аз он кадбонувони мо мураббо омода мекунанд, анҷир аст. Истеъмоли анҷир ба саломатии инсон нафъи калон бахшида, хавфи касалии дилро кам менамояд. Онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн низ тавсия медиҳанд.

Тавре  олимони соҳаи тиб тавсия медиҳанд,  истеъмоли меваи анҷир кори рӯдаю меъдаро хуб менамояд. Калийе, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани масуният, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро дорад. Инчунин ин мева бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мегардад. Меваи анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин барои системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад.

Анҷир инчунин кори рӯдаҳоро беҳтар ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ менамояд. Гарчанде ки анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмоли он эҳтиёткор бошем. Азбаски он миқдори кофии шакарро дар бар мегирад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмоли зиёд  метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева миқдори шакарро дар организм назорат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 16, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст