Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд

Август 2, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди варзиш, бахусус футбол зимни мулоқоти Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ноибони Президенти федератсия Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев дар шаҳри Ҳисор баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои омодагии «Варзишгоҳи марказӣ»-и шаҳри Ҳисор барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳолати омодагии варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳр ва дигар толору варзишгоҳҳо, ки барои бозиҳои футболи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳҳои мавриди назар бо корҳои анҷомёфта дар самти таъмиру тармими онҳо шинос шуданд ва вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар варзишгоҳҳо бо масъулин мувофиқа намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 2, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад