Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд

Август 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон имрӯз зимни ҷаласа дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар ҷаласа Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа афзоиш ёфта, он барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки новобаста ба дастуру роҳнамоиҳои кумита барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таъмирию ободонӣ ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ то ҳол дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ корҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд. Ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки то 25 август муассисаҳоро пурра ба соли нави таҳсил омода намоянд.

Дар ҷаласа ҳамзамон вобаста ба ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, таъмини хонандагону донишҷӯён бо мавод ва китобҳои дарсӣ, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муҳокима карда шуданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад