ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.
Давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум бо мақсади амалӣ намудани фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таьлимӣ дар соли таҳсили 2025-2026» гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ яке аз давраҳои муҳими таҳсил ба ҳисоб меравад. Ин давра барои хонандагони ин синн лаҳзаҳои озмоишии душвор мебошад, зеро онҳо аз муҳити кӯдакистон ё хонавода якбора ба муҳити дигари иҷтимоӣ, ки тартибу низоми нисбатан дигар дорад, ворид мегарданд. Бо гузаронидани ин давра хонандагони синфи якум ҳарчи зудтар ва ба осонӣ ба муҳити нав мутобиқ мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






