ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид

Август 19, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ дар ду мавзеъ — дохили бозори марказӣ ва майдони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил гардидааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Дар муасисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 60 769 хонанда таҳсил менамояд. Барои соли таҳсили 2025-2026 нақшаи хариди либоси мактабӣ 122 ҳазору 94 адад муайян карда шудааст.

Муассисаҳои таълимӣ барои таъмин шудан бо либоси мактабӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ шартномаи дутарафа бастаанд.

Дар намоиш-фурӯш беш аз 4 корхона ва соҳибкорон иштирок намуда, маҳсулоти худро пешкаши харидорон менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 19, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад