Санадҳои ниҳоии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо интишор гардиданд

Август 29, 2025 09:44

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Санадҳои ниҳоии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо, муроҷиатномаи Душанбе ва ҳисоботи раисикунанда ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид байни кишварҳои аъзо интишор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои якчанд ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронсро қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 номиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тағйирёбии иқлим, коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо ва оқибатҳои фоҷеабори он барои аҳолии сайёра бо таҳлилҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти ҳалли ин мушкилот бояд талошу кӯшиши муштарак ба харҷ диҳад.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон низ ҳамчун давлати дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ин мушкилот дучор шудааст.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки камшавии пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин зарурати вокуниши фаврию муштаракро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид  мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо назардошти аҳаммияти масъалаи мазкур бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардида, дар назди Созмони Милали Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Август 29, 2025 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид