ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, ҷумъа, 213-умин рӯзи соли 2025 аст

11 қабл қабл, 1 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга ба муносибати солгарди иди миллии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
1 августи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонида шуд.
***
1 августи соли 2018 ҳайати беш аз панҷоҳнафараи фарҳангиёни тоҷик таҳти роҳбарии собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Ҳайат бо шаҳрҳои қадимию бостонии Узбекистон, назири Самарқанд шинос шуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги ин кишвари дӯст ва ҳамсоя мулоқот анҷом дод.
***
1 августи соли 2022 густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид.
***
1 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд.
1 АВГУСТ:
Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Раҷаб Амонов –соли 1923— фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик. Узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941—1945).