ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст

Август 21, 2025 08:00

21 августи соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

***

21 августи соли 2008 дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов аз намуди варзиши тарзи озод медали  биринҷӣ ба даст овард.

***

21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

21 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид.

***

21 августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М» ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистон ва Ветнам «ТВ-Силк» коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

***

21 августи соли 2021 дар Душанбе доир ба рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

***

21 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишию озмоишии  «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев баргузор гардид.

21 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм.

Август 21, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст