ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст

26 августи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Америка пули азими байни Тоҷикистон ва Афғонистонро расман ифтитоҳ намуданд.
***
26 августи соли 2011 роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Дилшод Назаровро барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардониданд.
***
26 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода Боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шуд, мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
26 августи соли 2023 байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KFW) ба маблағи 13,97 миллион евро шартномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.
26 АВГУСТ:
Дар Аргентина — Рӯзи актёрон.
***
Дар ИМА – Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дилбар Умарова, соли 1949— ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001), аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (1976).