ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст

9 августи соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Ҷопон бомбаи атомӣ партофта шуд.
***
9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Тайиланд Пумипон Адунядед мулоқот намуданд.
***
9 августи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардид.
***
9 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Маркази минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
***
9 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.
9 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии мардуми маҳаллӣ
***
Рӯзи китобдӯстдорон
***
Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.
***
Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.