«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Он роҳнамои стратегию маънавии замони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошад

Август 11, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар сиёсатшиносию таърихнигории тоҷик китобҳои нодири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун манбаъҳои арзишманди таърихӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ мақоми хосро доро мебошанд. Яке аз чунин асарҳо китоби машҳури «Уфуқҳои Истиқлол» аст, ки соли 2018 дар нашриёти «Ганҷ-нашриёт»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 436 саҳифа чоп шудааст. Ин китоб дар арафаи 27-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромада, ҳамчун ҳадяи арзишманд ба мардуми ҷумҳурӣ пешниҳод гардида буд.

-Дар китоби «Уфуқҳои Истиқлол» муаллиф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои мамлакат дар чаҳоряк асри замони истиқлоли давлатӣ, марҳалаи эҳё, барқарорсозию рушди давлати миллии тоҷикон, тараққиёти иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сухан меравад.

Мундариҷаи китоб аз сарсухан, 5 боб ва охирсухан иборат мебошад.

Дар сарсухан муаллифи муҳтарам ба аҳамияти истиқлолият барои миллати тоҷик ва нақши он дар эҳёи давлати миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ин боб ҳамчун муқаддимаи китоб ҳадафҳои асарро муайян кардааст. Муаллифи муҳтарам таъкид менамоянд, ки дар боби таърихи қадимӣ ва сарнавишти давлатдории ниёгонамон мо дар китобу навиштаҳои пешини худ ба таври васеъ изҳори назар кардаем ва руҳи шикастнопазиру симои ҷовидонаи миллатамонро дар оинаи таърих инъикос додаем, аммо дар ин китоб дар бораи бисту панҷ соли душвор, вале пурифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён намудем.

БОБИ I. ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – МАРҲАЛАИ ЭҲЁ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Ин боб ба таҳлили вазъи мамлакат дар аввали солҳои 1990, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Муаллифи муҳтарам чунин иброз менамоянд: «Ба хотири манфиатҳои миллии ҷумҳуриамон мо ба таври огоҳона сиёсати «дарҳои кушода»-ро интихоб намудем, ки дар тамоми ин давра ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ дод ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун чумҳурии мутамаддини демократӣ ва дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дӯст ҳамчун шарики боэътимод эътироф гаштааст. Сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и мо бар пояи фарҳанги куҳанбунёди миллии тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтаст».  Дар ин давра ҷумҳурӣ        бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд, аммо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувор, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид.

БОБИ II. РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ СТРАТЕГИИ ОН. Ин боб ба таҳлили масоили соҳибистиқлолӣ, афзалияти стратегии ҷумҳурӣ, амалисозии сиёсати мустақили иқтисодӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо давлатҳои дигар, такмили низоми идораи рушди иқтисод, рушди бахши хусусӣ, авлавияти рушди соҳаи саноат, рушди соҳаи сайёҳӣ, пешбурди сиёсати минтақавии ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Муаллифи муҳтарами китоб иброз менамоянд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ қонунгузорие, ки муносибатҳои кориро танзим карда, дар маҷмуъ, ба меъёрҳои байналмилалии меҳнат мувофиқат менамояд, ташаккул ёфт. Сиёсати давлат ба ташкили ҷойи нави кор тавассути мусоидат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ ва шуғли занон, инчунин рушди касбҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, густариши амалияи истифодаи шаклҳои мавсимии шуғл ва мутобиқ гардонидани малакаи қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шуда, дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Дар ин давра шумораи аҳолии қобили кор ду маротиба афзуд ва ҳоло 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Давоми даҳ соли охир ба ҳисоби миёна ҳар сол аҳолии қобили кор ба миқдори 123 ҳазор нафар меафзояд.

БОБИ III. СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ВА НАТИҶАҲОИ УМЕДБАХШИ ОН. Муаллифи муҳтарам дар ин боб ба дастовардҳои соҳаи илм, рушди соҳаи маориф, миллати солим, муҳоҷират дар даврони Истиқлолияти давлатӣ диққати махсус медиҳанд. Аз ҷумла, муаллифи муҳтарам таъкид менамоянд, ки дар муддати 25 соли истиқлолият мо дар ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриамон ба дигаргуниҳои куллӣ ноил гардидем ва рушди сармояи инсониро барои пойдории давлати миллиамон дар мадди аввал қарор додем. Дар баробари ин, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ташкили ҷойи нави кор, танзими муҳоҷирати корӣ, идораи равандҳои марбут ба даромад ва хароҷоти пули аҳолӣ, пардохти нафақаю кумакпулиҳо, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист ва ғайра чандин барномаҳои давлатиро қабул ва дар амал татбиқ намудем. Татбиқи ҳадафҳои дар ин барномаҳо тарҳрезишуда нишон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти Конститутсия, ҳамчун давлати иҷтимоӣ, воқеан, ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоии ҳаёти ҷомеаро ба ҳайси самти афзалиятноки сиёсати давлат эътироф ва дар амал татбиқ менамояд».

БОБИ IV. ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ИҶТИМОӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДОХИЛИИ ДАВЛАТ. Ин боб ба таҳлили масоили фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, низоми идораи давлатӣ, мақоми зан ва ҷавонон дар ҷомеа, озодии виҷдон, озодии баён, таъмини амнияти миллӣ бахшида шудааст. Ба андешаи муаллифи муҳтарам, ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро ҷомеаи иттилоотӣ ном мебаранд ва дар Тоҷикистон низ барномаи махсуси давлатӣ то соли 2020 дар самти таҳкими он қабул шуд. Унсури муҳими ҷомеаи иттилоотӣ дастрасии мустақим ба иттилоот аст ва хизматрасониҳои гуногуни давлатиро ба маротиб осон мегардонад. Имрӯзҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз дастовардҳои ҷомеаи иттилоотӣ ба таври васеъ истифода менамоянд, ки он, дар навбати худ, хусусияти миллии фарҳанги нави сиёсиро дар ҳоли рушду пешрафт қарор додааст. Пешбинӣ мешавад, ки бо устувор гаштани пояҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шаҳрвандӣ таҳким меёбад ва истифодаи васеи неруи инсониро дар сиёсатгузориҳои давлатӣ ба роҳ монда, барои татбиқи ҳадафманди он шароити мусоид фароҳам меорад.

БОБИ V. МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА СИЁСАТИ ХОРИҶӢ: МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР. Дар ин боб марҳалаҳои ба роҳ мондани сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, барқарор намудани равобити хориҷӣ, муаррифии ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷӣ, амалӣ намудани сиёсати «дарҳои кушод», густариши равобити минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Аз ҷониби муаллифи муҳтарам иброз мегардад, ки албатта, солҳои оянда таҳаввулот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ дар фазои геополитики ҷаҳон ва хусусан, дар муносибати қудратҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фазои татбиқи сиёсати бисёрсамтиро мураккабтар менамояд. Шиддат ёфтани ихтилофи байни қудратҳои ҷаҳонӣ ба вазъияти умумии байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мегузорад, ки вазъияти минтақаи мо низ аз он истисно нест. Аз ин рӯ, воқеияти нави байналмилалӣ ва геосиёсӣ тақозо менамояд, ки таҷрибаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ба таври ҷиддӣ омӯхта ва ҷамъбаст гашта, ин сиёсат бо ҷиддияти боз ҳам бештар, бо камоли воқеъбинӣ ва прагматизми сиёсӣ идома дода шавад. Дар ҷамъбасти масъала бояд гуфт, ки самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи мамлакатамон дар арсаҳои мухталиф мебинем. Дар айни замон Тоҷикистон дар маҷмуъ ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар давлатҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳм мегузорад.

ОХИРСУХАН. Дар охирсухан муаллифи муҳтарам хулоса бароварда, таъкид менамоянд, ки «акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддӣ пешорӯйи мо хоҳанд буд, вале, бо вуҷуди ин, мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем».

Китоби «Уфуқҳои Истиқлол» барҳақ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди таърихӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ шинохта шудааст. Дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» андешаҳои ҷолиб дар бораи ин китоб чоп шудаанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки ин асар ба ҷавонон дар фаҳмиши амиқи арзишҳои истиқлол кумак мерасонад. Пешвои миллат дар ин китобашон иброз менамоянд, ки ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аҳамияти хос дорад, зеро онҳо ояндаи миллатанд.

Ин асари арзишманди Пешвои миллат дар доираи фаъолияти илмӣ ва таълимӣ низ васеъ истифода мешавад. Масалан, дар Академии миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимӣ он ҳамчун манбаи таҳлили жарфбинонаи паҳлуҳои ҳаётан муҳими зиндагии миллат истифода мегардад. Ҳамчунин аз рӯйи матни китоб гуфторҳои аудиоӣ таҳия шудаанд, ки ба паҳн кардани паёмҳои мубрами он мусоидат мекунанд.

Китоби «Уфуқҳои Истиқлол» ҳамчун ёдгории арзишманди даврони истиқлол садсолаҳо боқӣ мемонад. Он на танҳо бурду бохтҳои замони гузаштаро таҳлил мекунад, балки ба фардои дурахшони Тоҷикистон умеду имон мебахшад. Барои ҳар тоҷики ватандӯст хондану омӯхтани ин асар ҳатмист, зеро он калиди дарёфту дарку фаҳмиши таъриху ҳастии миллат ва олами пуртазоди муосир аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ чунин асарҳо ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ мусоидат мекунанд.

МУЛОҲИЗАЕ ЧАНД РОҶЕЪ БА НАҚШИ ТАЪРИХИИ МУАЛЛИФИ КИТОБ – ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз байни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанӯз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлолияти Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чӣ ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, ба маънои воқеии ин калима, фосилае ба қадри як сари мӯй ҷудо мекард.

Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум бо сабаби даргириҳо байни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирӯзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» ҷумҳурӣ истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада коре надоштанд.

Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии мамлакат, ки Тоҷикистонро ба сарзамини доғ табдил дода буданд, аз обрӯи миллати тоҷик мекостанд ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷӯ вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуданд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони ҷумҳурӣ ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавонмарди ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992 бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи гардиши наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт.

Хизмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуданд. Аз ин рӯ  бо итминони комил метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.

Бо хондани ин сатрҳо дар хонандаи гиромӣ суоли мантиқӣ ва барҷое метавонад пайдо шавад, ки чаро маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон ҳеҷ таҷрибаи фаъолият дар зинаҳои баланди идораи давлат надошт, роҳбари Тоҷикистон интихоб гардид?

Бояд ин нуктаро таъкид намуд, ки дар он рӯзҳои ошуфта ва пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешорӯи алангаи ҷанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон ҷуръат намекард, ки масъулияти душвори қатъ кардани ин фоҷеаи миллатро ба зиммаи хеш гирад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекарданд, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва дар асл тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.

Биёед, биандешем оё осон буд, ки як сиёсатматдори таҷрибаи кофӣ надошта чунин масъулиятро ба дӯши худ бигирад? Агар ҳамаи он чиро, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳе дар поягузории аркони давлат анҷом доданд, сарфи назар кунем, фақат ҷуръати инсониашон ва тасмими қавиашон, ки бори гарони эъмори давлатро бар дӯш гирифтанд, худаш қаҳрамонӣ аст.

Хушбахтона, умеди мардум ба навмедӣ накашид. Ва Эмомалӣ Раҳмон бе таамул ва бо иродаи матин ба муқобили ҷангу хунрезӣ паёми сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун зербинои давлатдорӣ ташхис дода, алорағми қувваҳои адоватпешаи дохиливу хориҷӣ, ки ҷиддан мекӯшиданд, то оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нагардад, ба иқдом пардохтанд. Кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар фазои ҷонибдории тамоми халқи Тоҷикистон доир мешуданд, марҳала ба марҳала ҷумҳурии моро ба сӯи мақсуд раҳнамун сохтанд.

Бо такя ба дониши амиқи вазъи мавҷуда дар мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае омаданд, ки нахуст якпорчагии мамлакатро бояд таъмин намуд ва баъдан роҳҳои пешбурди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро пеш гирифт, ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Вазифаи муҳимтаринашонро низ дар он медиданд, ки ҳувияти дар асари ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонанд, ваҳдату пайванди пойдори афроди ҷомеаро эҷод намоянд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозанд ва дигар ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки бадхоҳони миллати тоҷик саҳнагардони хоки муқаддаси Ватани мо шаванд.

Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар он шароити буғранҷи буҳрони сиёсӣ ва парешонии ақидавӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон буд, ва дар вазъе, ки тамоми мақомоту сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданд, он чи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз обод кардани мулк ва сарҷамъ намудани миллат ҳарф мезаданд, хаёлпардозие бештар дарёфт намешуд. Он рӯзҳо чӣ дар мамолики ҳамсоя ва чӣ дар мамлакатҳои дур чун сухан аз Тоҷикистон мерафт, пуристеъмолтарин калимот «фано шудан», «дар оташи ҷанги ҳамватанӣ сӯхтан», «то охирин тоҷик ҷанг кардан»… буд.

Ва дар воқеъ ҳам ба ҳақиқат пайвастани ин «пешгӯиҳо» аз эҳтимол дур набуд. Аз эҳтимол дур набуд – дар он ҳолат, ки агар аз байни миллати тоҷик шахсияте пайдо намешуд, ки масъулияти наҷоти Ватан ва хотима додан ба ҷанги бародаркуширо бар уҳда гирад. Ва низ муҳим ин ки тавонад ҳамватанонро даъват кунад, то аҳамияту арзиши иқдоми ӯро дарк намуда, бо саҳмгирии мустақимашон сарнавишташонро ба дасти худ гиранд ва аз тасмимоту фаъолияти Сарвари давлат, ки ба хотири онҳо анҷом медиҳанд, огоҳ бошанд, ба моҳияти онҳо пай бибаранд ва манфиатҳои миллӣ ва ватанашонро аз ҳар чизе болотар гузоранд.

Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
оид ба илм ва таълим,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Зафар САЙИДЗОДА,
мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих 

АКС аз бойгонӣ

Август 11, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Бинокоронро ободгари зиндагии мардум меноманд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар шароити хона консерва безарар ва хушсифат омода шавад?
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
БАҲОГУЗОРИИ МУОСИР. Низоми 10-хола на танҳо рақам, балки роҳ ба сӯи адолат, шаффофият ва рушди воқеии қобилияти хонандагон аст
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Истиқлол фалсафаи ҳастии давлатдории имрӯзаи тоҷикон аст»
ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУҲИТИ ПАРЛУМОНӢ. Ояндае, ки имрӯз фаро мерасад
Низоми баҳогузории 10-хола заминаи асосии ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тарбуз дар тобистон камобшавии бадан ва баланд шудани фишори хунро пешгирӣ менамояд
ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Дар ин самт кадом мушкилот ҷой доранд?