Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд

Август 31, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маводи озуқаворӣ, соҳибкасб гардонидани аҳолӣ, бахусус занону духтарон, роҳбарият ва масъулини ноҳияи Синои пойтахт бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» бо шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоии сокинони маҳаллаи Шараф барои фасли зимистон шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иттилоъ медиҳад.

Иброз гардид, ки духтарону занони ин маҳалла ҳунару маҳорати худро дар кадбонугӣ, пухтани нонҳои гуногун ва таомҳои миллӣ, инчунин омода намудани афшура ва консерваҳо аз сабзавоту меваҷот, ки барои фасли зимистон захира мегарданд, муаррифӣ намуданд.

Чунин шиносоӣ дар маҳаллаҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино доир шуда, ҳадафи он тарғиби анъанаю ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи хӯрокҳои миллӣ, захираи хӯрокворӣ барои мавсими зимистон ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Август 31, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад