Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 66 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 26 толор, 31 майдончаи варзишӣ, 4 толори саққозанӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва як Маркази хизматрасонӣ барои ҷавонон, ки ба нақша гирифта шудаанд, бештари онҳо ба истифода дода шудаанд. Дар ин хусус чанде пеш Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бо тавсияи Федератсияи футболи Тоҷикистон варзишгоҳи «Марказӣ»-и шаҳр ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ва варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуда, сабзазори он аз нав коркард ва инфрасохтори дохили варзишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ гардонида шуд. Инчунин ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ намолавҳаи электронӣ насб гардида, барои навсозии майдони сабазазор, ҷойи захиравии бозингарон, насби шиору овезаҳо дар маҷмуъ 201,5 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Дар айни замон корҳо дар самти насби нурафканҳои пуриқтидор идома доранд.
Ҷаббор Носирзода гуфт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонию варзиш бахшида ба санаҳои таърихӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки зиёда аз 35 ҳазор нафар наврасону ҷавонон қариб 50 мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ гузаронида шуд. Дар маҷмуъ, вобаста ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки 40 ҳазору 870 нафар сокинон, махсусан наврасону ҷавонон 382 чорабинии гуногуни варзишӣ гузаронида шуд.
Бо заҳмату талошҳои пайвастаи варзишгарону мураббияҳои онҳо варзишгарони шаҳри Ҳисор дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гардиданд.
Агар варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2024 дар риштаҳои гуногуни варзиш 1490 медал, аз ҷумла 691 медали тилло, 431 медали нуқра ва 368 медали биринҷӣ гирифта бошанд, дар ҳафт моҳи соли 2025 дар маҷмуъ 730 медал: 346 медали тилло, 214 медали нуқра ва 170 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Онҳо шарафи варзишии мамлакатро ҳимоя намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд






