27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст

Сентябрь 27, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 27 сентябр  дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (World Tourism Day)  таҷлил мегардад. Ин рӯз  аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ  соли 1979 дар шаҳри Торремонилоси Испания  таъсис дода шудааст. Ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони гуногуни дунё мебошад. Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти  ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти  муҳимияти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои охир барои рушду пешрафти он тадбирҳои  муассир меандешад. Дар робита ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода мусоҳиба анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна рушд ёфтааст ва дар соҳа кадом ислоҳот амалӣ гардид?

Ҷамшед Ҷумъахонзода: Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми  солҳои охир бо  амалӣ намудани барномаҳои  зиёди давлатӣ, хусусан «Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои то соли 2030» дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ натиҷаҳои  назаррас ба даст омада, ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат афзоиш ёфт.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд соли охир дар соҳаи сайёҳӣ якчанд ислоҳоти ҷиддӣ низ амалӣ гардид. Аз ҷумла, амалӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ, озод намудани воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз ва боҷи гумрукӣ, таъсиси телефони боварӣ барои сайёҳон ва сиёсати «осмони кушод» намунаҳои равшани чунин ислоҳот ва рушди соҳа мебошанд.

Ин ислоҳот барои рушди устувори соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ва боло бурдани сифати хизматрасонӣ дар тамоми қаламрави мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Дар умум метавон гуфт, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд менамояд.

АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо Тоҷикистон то кадом андоза тавонистааст дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ худро чун мамлакати ҷолибу рақобатпазир муаррифӣ намояд?

Ҷамшед Ҷумъахонзода: Дар қатори 10 давлати ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани Тоҷикистон, дар сархати даҳгонаи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё дохил гаштани шоҳроҳи Помир, ба  даҳгонаи мавзеъҳои бехатар ворид гардидани Тоҷикистон аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин ба қатори 19 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ дохил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат ва дар ин росто дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намудани он мебошад.

Ҳамчунин чанде пеш тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажӯҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup», Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Ин нишони  он аст, ки сайёҳони хориҷие, ки ба мамлакати мо меоянд, шабона низ озодона саёҳат карда метавонанд. Ин ташаббусҳо ва иқдоми пайвастаи роҳбарияти давлат боис гардиданд, ки амният ва суботи саросарӣ дар мамлакат таъмин шуда, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло равад.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҷалби сайёҳон кадом иқдомро пеш гирифтааст?  Ба назари Шумо кадом хусусияти хоси Тоҷикистон сайёҳонро бештар ҷалб менамояд?

Ҷамшед Ҷумъахонзода: Бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли охир аст, ки Кумита  бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон иқдоми самарабахш ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, барои ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ беш аз 40 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки ба бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои табобативу солимгардонӣ, хизматрасонии муосир ва дигар зерсохторҳо равона гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи барнома ва стратегияҳои давлатӣ ҳамоишу форумҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мешаванд, ки яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақа мебошад. Таҷлил намудани ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, ки  ба бренди миллӣ табдил гардидаанд, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон бештар ҷалб намудааст. Зеро дар ин ҷашнҳо шумораи зиёди ҷаҳонгардон иштирок намуда, бо имконоти соҳа шинос мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Оё инфрасохтори сайёҳие, ки дар Тоҷикистон бунёд карда шудааст, ба талаботи сайёҳони байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад?

Ҷамшед Ҷумъахонзода: Албатта, ҷавобгӯ аст. Дар чанд соли охир даҳҳо меҳмонхонаҳои 3, 4 ва 5-ситорадор, осоишгоҳҳо ва марказҳои муосири хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки ба талаботи замони муосир ҷавогӯ мебошанд. Беш аз 200 ширкати сайёҳӣ ва 360 субъекти хизматрасонии сайёҳие, ки имрӯз фаъолият мекунанд, ба ҷаҳонгардон тибқи талаботи байналмилаӣ хизмат мерасонанд. Дар ин замина кӯшиш менамоем, ки сифати хизматрасониҳоро мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ нигоҳ дорем.

АМИТ «Ховар»: Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди мамлакатро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҷамшед Ҷумъахонзода: Давоми панҷ соли охир шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоби миёна 18% афзоиш ёфта, дар 8 моҳи соли равон 34 % зиёд гардид. Саҳми сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,5 % таъмин гардидааст. Соҳа на танҳо даромад меорад, балки ҷойи нави кор низ фароҳам оварда, дар рушди деҳот саҳм мегузорад.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, 30 фоизи савдои ҷаҳонӣ ба соҳаи сайёҳӣ рост омада, ҳаҷми даромад аз хизматрасониҳои сайёҳии байналмилалӣ ба 1,6 триллион доллари амрикоӣ расидааст.

Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузорон дар соҳаи сайёҳӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон шартнома ба  имзо расонидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МУШКИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Оё китобҳои дарсӣ ба синни хонандагон мувофиқат менамоянд?
Дар Тоҷикистон барои парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои захираи зимистон аз ҳосили пиёзи тирамоҳӣ истифода намоед
ҲАШТОД СОЛИ МУБОРИЗАИ СММ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он низоми ҳуқуқии мамлакатро дар асоси манфиатҳои миллӣ ташаккул медиҳад
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Оё муассисаҳои маорифи шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистон омодаанд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОРУСОЗӢ. Барои рушди саноати истеҳсоли доруворӣ бояд аз захираҳои табиӣ ва табиат истифода намуд
МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?
Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва миллат аз рушди илму маориф вобастагӣ дорад