Ҳайати парлумонии Қирғизистон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли об ва нӯшокиҳои газдори «Сиёма» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи барномаи сафари расмӣ дар Тоҷикистон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳаш бо якчанд иншооти фарҳангию хизматрасонӣ ва истеҳсолии пойтахт шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нахуст ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Жогорку Кенеш Нурланбек Тургунбек уулу дар корхонаи истеҳсоли об ва нӯшокиҳои газдори «Сиёма» бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар идомаи рӯз Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳаш бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Зимни барномаи фарҳангӣ меҳмони олиқадрро намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






