ҚАВЛУ АМАЛИ ЯГОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ва ё боз як марҳилаи муҳим дар таърихи сиёсати хориҷии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як марҳилаи муҳим дар таърихи сиёсати хориҷии мамлакат ва намунаи қавлу амал ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Сарвари давлатро нишон дод. Чунин навиштааст ходими калони илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», номзади илмҳои сиёсӣ Ҳикматулло Хоҷаев дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».
— Халқи мамлакат нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён доранд. Ин гуна муносибати самимона, пеш аз ҳама, натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободкорӣ ва беҳтарсозии зиндагии мардум мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар замоне раҳбарии Тоҷикистонро ба уҳда гирифтанд, ки дар мамлакат сохти конститутсионӣ комилан барҳам хӯрда, ҷанги дохилӣ ҷараён дошт, ҳазорон нафар кушта ва гуреза шуда, иқтисоду саноат ва сохтору дастгоҳи давлатӣ фалаҷ шуда буд. Дар чунин вазъи вазнину мураккаб вазифаи роҳбари ҷавони нав интихобшуда нигоҳ доштани Тоҷикистон аз нобудшавӣ ва муҳимтар аз ҳама, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд.
Дар яке аз аввалин суханрониҳояшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат муроҷиат карда, гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва таъкид карда буданд, ки барои ба Ватан баргардондани тамоми ҳамватанон кӯшиш мекунанд. Сарвари давлат ба ваъдаи худ ҷавонмардона вафо карданд, яъне сулҳ оварданд ва ҳамаи муҳоҷирони иҷбориро, ки дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан дар Афғонистон қарор доштанд, ба Ватан баргардонданд. Дар мамлакат амният ва зиндагии осудаи мардум таъмин гардид.
Ҳамзамон сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо барқарор гардид, артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои зарурии давлатдорӣ ташкил дода шуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ намуданд ва он ба сифати давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзандаро ишғол намуд. Аммо дар он замон дар назди Сарвари давлат иҷрои вазифаҳои муҳимтарин: таъмини ваҳдату амнияти мардум, фароҳам овардани оромиши иҷтимоӣ, ҳалли масоили иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ меистоданд. Албатта, дар натиҷаи кӯшишу ғайрат ва шуҷоати нотакрори Роҳбари давлат ин вазифаҳои аввалиндараҷа ба иҷро расиданд. Ҳамин буд, ки соли 1994 мардуми мамлакат тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамзамон Конститутсияи давлати навбунёди мо қабул гардид. Ба сифати Президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994- ин интихоби роҳи демократӣ, дунявӣ, озодию ободӣ ва сулҳу созандагӣ буд. Раъйи мардум ва интихоби мазкур бо гузашти солҳо дурустии худро нишон дод. Фазои озодию мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдию дунявият ва пешрафт дар давлатамон устувор гардид ва ин роҳи муваффақ то имрӯз Тоҷикистонро ҳамсафар аст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳи таърихӣ вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон муътадил гардида, чунин ҳолат имкон дод, ки решаҳои ҷангу низоъҳои дохилӣ барканда шаванд ва фазои мусоиди созандагӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари мамлакат ҳукмфармо гардад. Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои ҷонфидоёнаи Сарвари давлат ва азму иродаи қавии мардуми ҷумҳурӣ ба ҷанги дохилӣ хотима дода шуд. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромию ваҳдати миллӣ ҳукмфармо гардид.
Саъю талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ҳассос натиҷа оварданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду пешрафт расид. Бояд таъкид кард, ки марҳилаи барқарории сулҳ ва созиши миллӣ дар таърихи муосир ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб мешавад. Дар ин марҳила нақши Сарвари давлат бузургу нотакрор аст. Маҳз кӯшишҳои бардавоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва матонату ватандӯстияшон буданд, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем ва Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфт.
Дар ҷаҳони муосир ҷангу низоъҳои зиёде мавҷуданд, ки мутаассифона, ёфтани роҳи ҳалли онҳо осон нест. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли муноқишаю низоъҳо дар ҳар шакле омӯзанда аст. Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи Пешвои миллат, ки тамомияти арзӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намудаанд, басанда аст, то номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин абадан сабт гардад.
Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти раҳбарии Пешвои миллат ҷараён дорад, муваффақ ва созанда буда, пеш аз ҳама, ба беҳбуди зиндагии мардум ва ҳифзи манофеи миллӣ равона гардидааст. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар иншооти энергетикию саноатӣ, роҳҳою нақбҳои сатҳи байналмилалӣ аз дастовардҳои ин сиёсат мебошанд.
Ҳамеша бо мардум будан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан, ба ятимону дармондагон дасти кумак дароз кардан, аз аҳволи бепарасторон бархӯрдор будан, авлавияти сиёсати давлатиро ба самти маориф ва фарҳанг додан, амният ва манофеи миллиро саргаҳи кори давлатӣ донистан- ин ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар байни аҳолӣ соҳибмақом ва пурэҳтиром гардонидаанд.
Аз ҳама муҳимтар, оромӣ, субот ва амнияте, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, далели дурустию хирадмандона будани сиёсати Пешвои миллат мебошад. Маҳз бо шарофати ин сиёсат мо фазои орому зиндагии обод дорем ва давлатамон дар ҳоли рушд кардан мебошад.
Маъмулан, ҳар замон, ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд, шахсияти варзидае рӯйи кор меояд, ки миёни омма аз маҳбубияти хосса бархурдор буда, бо донишу хирад, маҳорату таҷрибаи сиёсӣ ҷомеаро дунболи худ бурда, давлатро наҷот медиҳад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллӣ мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, дар масири ҳифзу тараққии мамлакат муваффақ гардидаанд.
Аз ин лиҳоз дар марҳилаи кунунии созандагии мамлакат мардуми Тоҷикистон ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ниёз доранд, то таҳти раҳбарию сарвариашон фазои сулҳу амният ва ваҳдату ягонагии миллӣ ҳифз ва рушду пешрафти Ватанамон таъмин гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»