Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт барномаҳои идона доир карда шуданд
РАШТ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 34-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки давоми34 сол Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян ва муваффақона амалӣ намуда, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорад. Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаю ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид. Муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Зимни барномаҳо соҳибкорону фаъолони ҷамоатҳои деҳот аз ҷониби раиси ноҳия бо Сипосномаю туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин аз тарафи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаҳои рангини фарҳангӣ манзури сокинони деҳот гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






