Ба ҳайати омӯзгорон ва хонандагон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Прокуратураи шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ вохӯрӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар вохӯрӣ оид ба хунукназарона рафтор намудани бархе падару модарон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, сари вақт ҳозир нашудан ба дарсҳо, овардан ва истифода бурдани телефони мобилӣ, истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус «Instagram» аз ҷониби ноболиғон суҳбат доир гардид. Таъкид карда шуд, ки муноқишаҳои гурӯҳӣ, ҳамроҳшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористи экстремистӣ пешгирӣ карда шуда, наврасону ҷавонон бояд дар ин вазъият зираку ҳушёр бошанд.
Иброз гардид, ки дар баробари ғамхориҳои давлату ҳукумат ҷавонону наврасонро мебояд вақти пурқимати худро ғанимат дониста, бештар илму дониш омӯзанд. Зеро ояндаи давлату миллат аз наврасону ҷавонон вобастагӣ дошта, танҳо он нафаре метавонад дар пешрафту тараққиёти ҷомеа саҳми арзанда гузорад, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва илму дониши замонавӣ бошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






