Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол на танҳо падидаи сиёсӣ, балки нидои руҳи ҳар миллат аст. Он нидоест, ки аз умқи таърихи куҳан баланд гардида, дар тору пуди ҳастӣ ва ҳар нафаси озоди халқ танинандоз мегардад. Истиқлол суруди беохири озодӣ ва виҷдону шараф аст, ки дар қалби фарзандони содиқи Ватан бо шуълаи нур ҷилва мекунад. Ин матлабро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 4 сентябр зимни ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ баён намуд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки рӯзгори истиқлол, бешак, рӯзгори бедорию хештаншиносӣ аст, рӯзгори бозгашт ба решаҳои таърихӣ, рӯзгори эҳёи мафҳуми ватандӯстӣ ва шарафи инсонист. Ҳеҷ истиқлол бе пуштибон ва ҳидоятгар устувор намемонад. Дар роҳи душвору пурхатари истиқлоли тоҷикон маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои таърихӣ, дар миёни оташи ҷангу парешонӣ, бо диле саршор аз меҳри Ватан, бо иродаи қавӣ ва бо паёми сулҳу ваҳдат парчами сулҳу ваҳдати миллатро баланд бардоштанд ва ба сарнавишти миллат маънову мазмуни нав бахшиданд.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат на танҳо роҳбар, балки ойинаи тамомнамое ҳастанд, ки миллат худро дар он метавонад бубинад ва такягоҳе ҳастанд, ки мамлакат тавассуташон аз вартаи фано ба масири рушду оромӣ қадам бардошт.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Истиқлол ва ҳифзи забони тоҷикӣ», «Нақши занон дар таҳкими истиқлол» ва «Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ»маърузаҳо пешниҳод карда шуданд. Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик танҳо озодӣ ва соҳибихтиёрӣ набуда, балки заминаи устувори ҳифзу рушди арзишҳои миллист. Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии ҳастии миллӣ ва воситаи муқаддаси худшиносӣ мавқеи воқеии худро дар ҷомеа ёфт. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат мақоми давлатии забони тоҷикӣ тақвият ёфта, барои тавсеа ва густариши он шароити мусоид фароҳам оварда шуд.


Тавассути қабули қонуни забон, таъсиси кумитаи алоҳида, донишкадаву марказҳои омӯзишӣ ва таҳияву нашри китобҳои дарсӣ барои наслҳои нав шароити мусоид фароҳам омад, то забони модарӣ на танҳо ҳифз, балки рушд ёбад ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи хоса пайдо кунад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як зумра кормандони соҳа унвони «Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.
Ҳамзамон барномаи фарҳангии омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






