Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз донишкада.
Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди соҳаи маориф ва баланд гардидани сифати таҳсил таъкид менамоянд. Ҳамасола барои аз маориф дур намондани насли наврас садҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ бунёд мешаванд, ки ин самараи ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Илму дониш инсонро аз ҷаҳолат наҷот медиҳанд, ба мақсад мерасонанд ва инсонро месабзонанд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мегӯянд: «Танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшанд».
Бахтиёр Маҳмадалӣ аз дастовардҳои донишкада ёдовар шуда, иброз дошт, ки имсол дар донишкада озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва таъминоти барқ аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
«Вазифаи мо, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тарбия намудани мутахассисони варзида, ватандӯсту меҳнатдӯст ва содиқ ба касби худ мебошад. Омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи саноат саҳми мо дар рушди Ватан мебошад. Ба ҳамин хотир мо бояд бештар ҳаракат намоем, то донишҷӯёни мо дар ҳама соҳаҳои саноат аз беҳтаринҳо бошанд»,-гуфт Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Дар ҳамоиш ба панҷ нафар хатмкардаи донишкада Дипломи аъло тақдим гардида, чанд омӯзгор бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






