Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 19, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо ҳайати намояндагони соҳаи маорифи ноҳияи Чиндуи шаҳри Сяняни Чин таҳти роҳбарии ҷонишини котиби кумитаи ноҳияи Чиндуи Ҳизби Коммунистии Чин Лю Ханг  доир гардид. Вохӯрӣ ба густариш додани ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин нигаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зоир Раҳмонзода ин вохӯриро дар тақвияти ҳамкории мутақобили судманд қадами муҳим арзёбӣ намуда, меҳмононро бо дастовардҳои таълимию илмӣ ва доираи васеи ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти байналмилалии донишгоҳ барои татбиқи лоиҳаҳо, бахусус дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуд. Инчунин омодагии роҳбарияти донишгоҳро барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар самти пешбурди таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи академӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо барои татбиқи зеҳни сунъӣ, робототехникаю мехатроника ва иштирок дар озмунҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дошт.

Меҳмонон доир ба имконияти марказҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва рушди саноати рушдёбандаи ноҳияи Чинду барои  ташкили мубодилаи академӣ, ба роҳ мондани сафарҳои омӯзишии дутарафаи муҳаққиқон, идомаи таҳсили донишҷӯён, ҳамкории саноатӣ ва роҳҳои дигари вусъат бахшидани ҳамкорӣ пешниҳодҳо манзур намуданд. Инчунин аз ҷониби меҳмонон роликҳои тарғиботии шаҳри саноатии Чинду ва Маркази таълимии касбӣ-техникӣ намоиш дода шуданд.

Сипас, байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии касбӣ-техникии ноҳияи Чинду шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид