Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки марказии Туркия тақвият медиҳад

Сентябрь 30, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркия дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки марказии Туркия Фатих Карахан дар Истанбул баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Туркия яке аз шарикони доимии Тоҷикистон буда, робитаҳои тиҷоратию молиявӣ байни ду давлат дорои заминаҳои қавӣ мебошанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳо ва ислоҳоти дар низоми бонкии Тоҷикистон гузаронида, нишондиҳандаҳои омории низоми бонкӣ дар соли 2025, сатҳи муътадили таваррум, устувории молиявӣ ва афзоиши сатҳи эътимоди мардум маълумот дод.

Ислоҳоти молиявӣ дар Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва таъмини муҳити молиявии шаффофу пешгӯишаванда равона шуда, солҳои охир ҳиссаи устувори иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи ташкилоти қарзии мамлакат мушоҳида мешавад.

«Мо ҳузур ва эҳтимоли густариши бонкҳои туркиро дар бозори худ истиқбол мекунем, зеро иштироки онҳо ба таҳкими рақобат, амалӣ кардани таҷрибаи пешрафтаи молиявӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд»,- таъкид намуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Иброз гардид, ки самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи таҷрибаи муосири Туркия дар бахши рақамисозӣ ва технологияҳои бонкии инноватсионӣ барои рушди низоми молиявии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегарданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1232 сомонӣ муқаррар шудааст