Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд

Сентябрь 16, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иброз гардид, ки таъсиси ин марказ идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон буда, он бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҳамчун иқдоми навоварона ва созанда амалӣ гардид.

Нуқтаи дӯзандагӣ ба дӯхт ва таъмини либосҳои махсуси кормандони бахши хоҷагии муассиса низ равона гардида, ҳамчун иқдоми иқтисодӣ ва амалии худтаъминкунӣ мақоми муҳим касб мекунад.

Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба сифати пойгоҳи таълимӣ, омӯзишӣ ва амалии замонавӣ барои донишҷӯёни ихтисоси таълими меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад.  Он инчунин барои таҳкими дониш ва малакаи амалӣ, аз ҷумла дар самти нақшу нигори миллӣ ва тарзи дӯхтани либосҳои миллӣ заминаи мусоид мегузорад.

Акнун донишҷӯдухтарон ва шахсони ҳавасманд метавонанд берун аз машғулияти дарсӣ ба омӯзиши ҳунари чеварӣ ва дӯзандагӣ ҷалб гарданд. Ин иқдом на танҳо ба рушди малакаҳои амалӣ ва касбии донишҷӯён кумак мекунад, балки ба ҷалб ва бедор намудани шавқи онҳо нисбат ба ҳунармандӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки ифтитоҳи чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ дар заминаи сиёсати фарҳангию иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони равшани таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди санъати мардумӣ ва тарбияи насли худогоҳ мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 16, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд