Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад

Сентябрь 29, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 октябр дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад, ки дар он беш аз 100 ширкати ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

Намоишгоҳ дар «Dushanbe EXPO Centre» баргузор гардида, дар он масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисию иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоишгоҳ чун майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмон метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохилию хориҷӣ гардад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 29, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад