Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 60 хонандаи ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим гардид
РӮДАКӢ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи дониш ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид, ки зимни он ба 60 нафар ятимону кӯдакони ниёзманд либосҳои мактабӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Зимни тақдими туҳфаҳо иброз гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва таъмини шукуфоию пешрафти насли наврас мебошад. Роҳбарияти мамлакат ҳамеша нисбат ба ятимону камбизоатон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро танҳо намегузорад, то худро ятим ё бепарастор эҳсос накунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






