Дар Ню-Йорк ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои МҲТБО баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷидин Муҳриддин дар ҷаласа таъкид намуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бар асари табдилёбии давомдори худ бояд барои вокуниш ба вазъияти босуръат тағйирёбандаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли якҷояи мушкилоти умумӣ самарабахштар шавад.
Сироҷиддин Муҳриддин бо таъкид бар тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро ба Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва дар доираи он муваффақона баргузор намудани чаҳор конфронси байналмилалии сатҳи баланд ҷалб кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






