Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои тозагию ободонӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии соҳил гузаронида, соҳили дарёи Душанберо аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Иштирокдорони ҳашари экологии «Тозагии соҳил» на танҳо муҳити атроф ва соҳили дарёро тозаю озода намуданд, балки байни шаҳрвандоне, ки дар атроф сайр менамуданд, доир ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва безарар нигоҳ доштани муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Тавре масъулини донишгоҳ иброз доштанд, ҳадафи асосии чунин иқдом баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба ҳифзи муҳити зист ва ташаккули фарҳанги экологии шаҳрвандон мебошад.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чунин ҳашарҳоро дар оянда низ гузаронида, ба ин восита дар ободию зебоии муҳити зисти пойтахт саҳми арзанда гузорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






