Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд16

Сентябрь 2, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомот ва артиши Покистон 766 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои аз обхезӣ зарардидаи музофотҳои Панҷоб, Хайбар-Пахтунхва ва бархе минтақаҳои дигарро тахлия намуданд, хабар медиҳад агентии «Reuters».

Дар минтақаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, 351 лагери тиббӣ ва 511 нуқтаи муваққатии зист барои сокинони кӯчонидашуда ташкил гардида, дар онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар кумаки зарурӣ расонида шуд.

Шумораи ҳалокшудагони офати табиӣ дар Панҷоб афзоиш ёфта, дар шабонарӯзи охир ба 33 нафар расидааст. Аз оғози мавсими боронгарӣ, ки боиси обхезӣ ва ярчҳо шудааст, дар маҷмуъ дар Покистон беш аз 850 нафар ҳалок шудаанд. Шумораи одамоне, ки аз офати табиӣ дар саросари кишвар осеб дидаанд, аз 2 миллион нафар гузашт.

Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиии Покистон ҳушдор медиҳад, ки давраи бориши мавсимӣ ҳадди ақалл як ҳафтаи дигар идома ёфта, дар ду рӯзи оянда дар вилоятҳои Панҷоб ва Синд минтақаи обхезӣ метавонад васеътар шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт