Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи Озарбойҷон нахустин бозӣ доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Габалайи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол нахустин бозии худро бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Озарбойҷон баргузор менамояд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Бозӣ ба вақти Озарбойҷон соати 12:00 ва ба вақти Душанбе соати 13:00 оғоз меёбад. Барои дастгирӣ ва мухлисии бозингарони тоҷик ҳаводорони варзиши тоҷик ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намудаанд. Умедворем, ки футболбозони навраси тоҷик дар ин бозӣ ғолиб омада, дили ҳазорон нафар мухлисони футболи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шод мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи 22 намуди варзиш дар Ҷумҳурии Озорбойҷон аз 25 сентябр то 9 октябри соли равон идома меёбад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 59 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ва 142 нафар варзишгарон иштирок доранд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» ва Радиои «Ховар»
аз шаҳри Габалайи Ҷумҳурии Озарбойҷон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






