Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия Александр Рибас вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот раиси кумита оид ба афзоиши устувори ҳарсолаи ҷараёни сайёҳон аз Русия ишора намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин раванд дар оянда низ идома меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба зиёд шудани шумораи сайёҳон аз Федератсияи Русия, балки ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ бо ширкатҳои русӣ ва мубодилаи таҷрибаи мақомоти давлатӣ ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ низ манфиатдор аст.
Александр Рибас тамоюли ташрифи сайёҳон аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистонро истиқбол намуда, манфиатдории ҷониби Русияро ба таҳкими ҳамкорӣ тасдиқ намуд. Ӯ махсусан дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохториро дар ҳудуди Тоҷикистон таъкид кард.
Ба масъалаи баланд бардоштани шинохт ва муаррифии ҷозибаи нодири сайёҳии Тоҷикистон ва имконияти ташкили лоиҳаҳои муштараки расонаӣ бо ҷалби блогерҳо ва шахсиятҳои маъруфи рус низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар поёни мулоқот тарафҳо оид ба ҳамкории наздик барои амалӣ намудани тавофуқҳои ҳосилшуда ва ташкили кори муштарак оид ба ҷалби доираҳои тиҷоратии Русия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид






