Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва СММ ба хотири рушди устувор баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об, рушди иқтисоди «сабз» ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ мавқеи мамлакатро ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои глобалӣ тақвият додааст. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Созмони Милали Муттаҳид ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор», ки имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар форум ректори донишгоҳ бо ишора ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, амнияти киберӣ ва таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ мавқеи устувор ва созанда дорад. Ҳамзамон ба нақши муассир ва аҳамияти робитаҳои устувори илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ишора карда шуд.


Дар форум гуфта шуд, ки рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ на танҳо масъулияти миллӣ, балки уҳдадории умумибашарӣ мебошад. Иштирокдорони форум ҳамкории байналмилалиро омили калидӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди устувор арзёбӣ карданд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ин форум ба ифтихори 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд. Ҳадафи он таҳкими шарикӣ ва муколама дар самти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) мебошад.
Форум бо қабули пешниҳодҳои мушаххас оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ анҷом ёфт.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид






