ИСТИҚЛОЛИЯТ — САРВАТИ ГАРОНБАҲОТАРИН. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият яке аз муқаддастарин ва гаронбаҳотарин неъматҳоест, ки ҳар миллат барои ба даст овардани он талош мекунад. Миллате, ки соҳиби истиқлолият аст, метавонад сарнавишташро худаш муайян кунад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро рушд диҳад, аз сарвату имконияти табиӣ баҳра барад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ватанаш ифтихор намояд.
Тоҷикистон баъд аз ҳазорсолаҳо мубориза ва талошҳои фарзандони фидоии миллат 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт шудааст. Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, то давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоем, сиёсати хориҷии мустақилро пеш барем ва ҳувияти миллии худро эҳё кунем.
Давоми зиёда аз се даҳсола Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷумла, эътидоли сиёсӣ барқарор гардид, иқтисоди миллӣ рушд ёфт, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва илм беҳтар шуданд. Ва ин ҳама бо шарофати истиқлолият ва заҳмату талошҳои мардуми ватандӯсту сарбаланд ва фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки аксарияти кишварҳои тозаистиқлол барои таҳкими давлатдории навин ба шахсиятҳои барҷаста ва сиёсати дурандешона ниёз доштанд. Барои Тоҷикистон чунин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд — роҳбаре, ки дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият зимоми давлатро ба даст гирифта, бо ақли расо, иродаи қавӣ ва дӯст доштани миллат Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд.
Соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷумлае, ки то имрӯз рамзи садоқат ба Ватан шудааст, чунин гуфтанд:
«Ман ба Шумо сулҳ меорам!»
Ин на як шиор, балки оғози амал буд — амали ваҳдат, сулҳ, шикастани девори кинаю хусумат ва бунёди давлати миллӣ.
Ин ҷумлаи пур аз самимият дар рӯзҳои душвору мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба халқи тоҷик боварӣ ва ба фардои Тоҷикистон умед бахшид.
Таърих гувоҳ аст, ки он рӯзҳои сахту нангини солҳои 90-уми асри гузашта бо сар задани ҷанги хонумонсӯз қариб ба парокандашавии миллати тоҷик оварда мерасонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз тарсу ваҳм ва наҷоти ҳаёти худ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Он солҳо Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ноором дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор гирифта буд. Дар он шабу рӯзҳои ноором наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми мамлакат Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки ба мардуми шарифи Тоқикистон сулҳ меоранд ва то гурезаи охиринро ба Ватан барнагардонанд, худро ором намешуморанд. Албатта, мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор дар гирдоби ин бесарусомониҳои печида ба қавлашон бо сари баланд вафо намуданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат Президенти навинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, дар он давраи ноором якчанд маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба ватани аҷдодиашон баргарданд. Ҳамзамон бо неруҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифин якчанд гуфтушунид анҷом дода, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин воқеаи муҳими таърихӣ садсолаҳо дар қалби тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Дар даврони истиқлолият бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва зиндагии шоистаи мардум дар мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина амалишавии чор ҳадафи тақдирсози стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёд ба анҷом расида истодаанд.
Сохтани давлат танҳо эъломи истиқлол нест. Барои идораи давлати навин роҳбар бояд дорои фаҳми васеи сиёсӣ, тафаккури стратегӣ ва сипари ахлоқӣ бошад. Миллати тоҷик хушбахт аст, ки чунин фарзанди содиқу ватандӯст ва роҳбар дорад. Пешвои миллат намунаи шахсияти сиёсиест, ки дар баробари роҳбарӣ, ба тарбияи насли наврас, ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардум аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ба сӯи марҳилаи нав — давраи саноатикунонии босуръат, рушду таҳкими соҳаҳои ҳаётии мамлакат ва амалӣ кардани ҳадафҳои стратегии миллӣ қадам мезанад. Ҳар иқдоми наве, ки гирифта мешавад, заминаи мустақим ба пойдории истиқлолият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд.
Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Ҳамчунин тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2025 ва баъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Ҳоло аксари чорабиниҳои ҷаҳониву минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби даҳсолаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” гузаронида мешаванд ва рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид “Раванди Душанбе” ном гирифтааст. Ин боиси ифтихору сарфарозии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Роҳбари давлати худ мебошад.
25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Бояд таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур аслан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Амалӣ намудани ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.
Дар 34 соли истиқлолият Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид, пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ — Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ таъсис дода шуданд ва устувор гардиданд.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои миллат — шахсияти таърихиест, ки ин истиқлолиятро на танҳо нигоҳ дошт, балки ба он мазмуну муҳтаво, рушд ва ояндасозӣ бахшид.
Истиқлолият барои миллати тоҷик гардиши сарнавиштсоз буд, ки бо он миллати куҳанбунёди мо соҳиби давлатдории навин ва имкони муайян кардани роҳи худ гардид. Давоми беш аз сӣ соли истиқлолият Тоҷикистон аз мамлакати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, рушдёбанда ва устувор табдил ёфт.
Дар ин солҳо мамлакат бо раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки ҳар яки онҳо ифтихори миллат ва намунаи сиёсати оқилона мебошанд.
Аввалин ва бузургтарин дастовард — сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Мардуми тоҷик баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дубора ба ҳам омад, ваҳдат барқарор гардид ва суботи сиёсӣ таъмин шуд. Сипас, мамлакат ба марҳилаи созандагӣ ворид шуд. Дар ҳамаи соҳаҳо — иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сиёсати хориҷӣ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Тоҷикистон имрӯз дорои садҳо неругоҳи барқи обӣ, ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард, садҳо пулу нақбҳо, мактабҳо, бемористонҳо ва марказҳои фарҳангиву варзишӣ мебошад. Аз ҷумла, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун рамзи иқтидори миллӣ ва истиқлолияти энергетикӣ ба шоҳкори асри навин табдил ёфт.
Дар соҳаи маориф ва илм ҳазорон муассисаи таълимӣ сохта шуда, донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд. Забони давлатӣ мавқеи хос касб кард, таърихи миллат бо такя ба ҳақиқат дубора навишта шуд ва фарҳангу ҳунари миллӣ рушд кард. Дар бахши сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон бо садҳо давлат муносибати дипломатӣ барқарор намуда, дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати ташаббускор ва сулҳпарвар шинохта мешавад.
Давоми 34 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои якчанд созмони бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғ. мебошад.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошанд, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд зиндагӣ мекунем. Маҳз истиқлолият буд, ки ба мо имкон дод худро бишносем, роҳи худро равшан кунем ва ба сӯи оянда бо эътимод равем. Акнун масъулияти насли имрӯз аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, онҳоро барои фардои беҳтар тақвият бахшад.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нигоҳ доштани истиқлолият ва рушди минбаъдаи он масъулияти на танҳо ҳукумат, балки ҳар шаҳрванди мамлакат аст. Истиқлолият рамзи озодӣ, ваҳдат, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди тоҷик бояд ин неъмати бебаҳоро бо ифтихор қадр намуда, дар ободии Ватан ва пойдории истиқлолият саҳм гузорад.
Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати мост. Онро бояд ҳамчун сарвати гаронбаҳотарин ҳифз кунем, пос дорем ва ба наслҳои оянда бо сари баланд ба мерос гузорем.
Фирӯзҷон ҒАФФОРОВ,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
АКС аз муаллиф