Маҷлиси намояндагон дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо — омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Озмун аз се номинатсия: мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ; филму барномаҳои беҳтарини телевизионию радиоӣ ва мусаввараи беҳтарин иборат аст. Қабули мавод ба озмун аз 1 октябри соли равон оғоз шуда, 1 майи соли 2026 анҷом меёбад.
Озмун дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист- 5 июн натиҷагирӣ шуда, ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд ҷараёни татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар доираи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии мамлакати мо: «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» инъикос намоянд.
Барои довталабони озмун аз лиҳози касбу кор ва синну сол маҳдудият вуҷуд надорад. Дар озмун намояндагони касбу кори гуногун, олимону мутахассисон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон, коршиносону рӯзноманигорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иштирок карда метавонанд.
Довталабон метавонанд маълумоти бештарро доир ба шартҳои иштирок дар озмун аз сомонаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — www.parlament.tj, рӯзномаи «Садои мардум» — www.sadoimardum.tj, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — www.tajnature.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дастрас намоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






