МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гиёҳҳои хушккардашуда сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гиёҳҳои шифобахш ва ғизоӣ омили муҳиму ҳаётии инсон ба шумор рафта, сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд. Рустаниҳои хушбӯйкунанда ва таъмдиҳанда ба хӯрок лаззати махсус мебахшанд. Ин матлабро ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов иброз намуд. Дар зер чанд тавсияи дигари доктори илмҳои тиб пешниҳод мегардад.
— Барои дуруст истифода намудани гиёҳҳои шифобахш, пеш аз ҳама, бояд тарзи ҷамъоварӣ, хушк намудан ва нигоҳ доштани онҳоро хуб донист. Бояд донист, ки кадом ҷузъ ё қисми рустаниро кадом вақт ҷамъоварӣ ва хушк намудан зарур аст. Набояд фаромӯш кард, рустаниҳо вобаста ба моддаҳои гуногуни кимиёияшон ба бунияи инсон таъсир мерасонанд. Ин мавод метавонанд, ки дар ҳама узвҳои рустанӣ ё дар узвҳои алоҳида — бехреша, реша, баргҳо, гул, мева, тухм ва пӯсти он ҷойгир бошанд. Инчунин баъзе гиёҳҳоро пеш аз гулкуниашон бояд ҷамъоварӣ намуд, зеро дар вақти гулкунӣ тамоми моддаҳои фоидабахши он дар гулаш ҷой мегиранд. Меваю тухми рустаниҳоро дар айёми пурра пухта расиданашон бояд ҷамъоварӣ намуд.
Хушконидани гиёҳҳо кори муҳим буда, дар ҳолати беаҳамиятӣ он метавонад боиси вайроншавии хосияти шифоии онҳо гардад. Дар натиҷаи нодуруст хушконидани рустаниҳо микдори маводи фаъоли ҳаётии таркибашон метавонад кам гардад ва ё тамоман нобуд шавад. Аз ин рӯ, дар Офтоб танҳо реша, бехреша ва меваи рустаниҳоро хушконидан мумкин асту халос. Барги гиёҳҳои шифобахшро бояд дар ҳавои кушоду сояҷо ва шамолрас хушк намуд. Барои хушконидани рустаниҳо ҳарорат бояд то 40 дараҷа бошад. Муҳлати хушккунӣ вобаста ба ҳаво аз 3 то 7 рӯз давом мекунад. Ҳангоми хушккунӣ дар як рӯз то 2 бор рустаниҳоро зеру рӯ намудан зарур аст. Гиёҳҳои хушкшударо дар халтаҳои коғазӣ, матогин, қуттиҳои картонӣ ва зарфҳои шишагин бояд нигоҳ дошт. Аз гиёҳҳои шифобахш дар шароити хона обҷӯш ва дамхӯрда омода намудан мумкин аст.
Тарзи омода намудани обҷӯш чунин аст: гиёҳи хушкро дар зарфи сирдор ё шишагӣ андохта, ба болояш оби хунуки ҷӯшонида рехта, 1-2 соат дам медиҳем. Пас онро ба болои оташи паст ё зарфи пуроб гузошта, 20-30 дақиқа меҷӯшонем. Пасон онро 30-40 дақиқа хунук намуда, аз дока гузаронида, менӯшанд. Бояд гуфт, ки ҷӯшобаҳо нисбат ба дамхӯрдаҳо аз ҷониби узвҳои ҳозима дер ҷаббида шаванд ҳам, таъсири шифоии бардавом доранд.
Набояд фаромӯш кард, ки на ҳама гиёҳҳо шифобахшро дар шакли обҷӯш истифода бурдан мумкин аст. Зеро аксар рустаниҳо ҳангоми ҷӯшонидан хосияти худро гум мекунанд ва ё таъсирашон дигар мешавад. Ба таври мисол, агар тахачро ҷӯшонем, хосияташ дигар мешавад.
Дамхӯрда таъсири хуби шифоӣ низ дорад. Гиёҳҳои шифобахши хушкшударо дар зарфи сирдор ё шишагӣ андохта, болои он оби ҷӯшинида ҳамроҳ намуда, як муддат нигоҳ медорем. Сипас онро гарм ё хунук карда менӯшем. Дар баъзе ҳолатҳо рустаниро дар зарфи сарпӯшдори сирдор андохта, ба болояш оби ҷӯш мерезанд. Баъдан 15-20 дақиқа дар болои оташи паст гузошта, наҷӯшонида, онро мегиранд ва аз дока мегузаронанд.
Дар тибби мардумӣ гиёҳҳои хушкро низ барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, захмҳо, бемориҳои дасту по, миён ва ғайра дар шакли облатга истифода мебаранд.
Бояд дар хотир дошт, ки рустаниҳои шифоӣ дар баробари хосияти шифоӣ доштан дорои хосиятҳои манфӣ низ мебошанд. Масалан, дӯлонаи сурх кори дилро муътадил намуда, фишори хун ва асабҳоро ба низом медарорад. Чойкаҳак, анҷибар, кокутӣ, хуч дорои хусусияти паст намудани қанд дар хун, пешобронӣ, зиддиилтиҳобӣ ва ғайра мебошанд. Хусусияти манфии рустаниҳои шифоӣ дар он аст, ки вобаста ба муҳит, фасли сол ва риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварию хушккунӣ ва нигоҳдорӣ таркиби кимиёии онҳо метавонад тағйир ёфта, дар натиҷа боиси камшавии хусусияти шифоӣ гардад. Барои истифода аз гиёҳҳои шифобахш ҳатман аз мутахассисони соҳа маслиҳат гирифтан зарур аст. Зеро ҳар гиёҳ вобаста ба хосияти шифобахшияш тарзи дурусти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, омодакунӣ ва нӯшидан дорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






