Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар корти тенниси майдончаҳои тобистонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 18 сентябр идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ 60 варзишгар ва беҳтарин ҳайатҳои даставии теннисбозон аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Амрико, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Федератсияи байналмилалии теннис иштирок доранд.
Ҳадафи баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муттаҳид намудани варзишгарон дар риштаи теннис ва рушди теннис дар мамлакат мебошад.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Теннис яке аз намудҳои шуҳратёфтаи варзишӣ буда, аз асрҳои гузашта то ҳол рушду пешравии зиёд дорад. Теннис варзиши шавқовар буда, ба саломатӣ, бахусус системаи дилу рагҳо таъсири хуб мерасонад. Теннис ба инкишофи ҷисмонӣ, беҳтар гардидани саломатӣ ва истироҳати хуб мусоидат менамояд. Ба он дар ҳамаи синну сол ва тамоми фаслҳо бозӣ кардан мумкин аст. Аввалин қоидаҳои тенниси имрӯзаро соли 1873 Уолтер Уингфилд ном англис мураттаб сохта буд. Дар ин бозӣ аз ду тараф яккасӣ ё дукасӣ- мардон ё занон иштирок мекунанд.
Ба туфайли ҳаракатҳои фаъоле, ки ҳангоми бозӣ тағйир меёбанд (давидан, ҷаҳидан, задани тӯб, истодан) фишори хун муътадил шуда, кори дил мустаҳкам мегардад. Бозии теннис барои беҳтар кардани кори чашм низ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






