Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 22, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда,  ғолибон муайян гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Давоми 5 рӯзи рақобат дар сабқати инфиродӣ дар Мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни наврасони то 16-сола варзишгарони Тоҷикистон низ тавонистанд ҷойҳои ифтихориро сазовор шаванд.

Дар мусобиқа 60 варзишгар ва беҳтарин ҳайатҳои даставии теннисбозон аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Амрико, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Федератсияи байналмилалии теннис рақобат карданд.

Нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2005 доир шуда, соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

Ғолибони Мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

💎 Писарон инфироди то 14 сола
🥇Ҳамза Ал-Мансурӣ 🇸🇦
🥈Бакай Асеинов 🇰🇬
🥉Суҳайл Ат-Тоҷи Ал-Форуқӣ 🇸🇦

💎Бонувон инфиродӣ то 14 сола
🥇Злата Низамиева 🇺🇿
🥈София Пак 🇰🇿
🥉Назли Худайқулиева 🇹🇲

💎Дар намуди ҷуфти миёни писарони то 14 сола
🥇Бакай Асеинов 🇰🇬
Донг Сон Ким 🇺🇿
🥈Суҳайл Ат-Тоҷи Ал-Форуқӣ 🇸🇦
Ҳамза Ал-Мансурӣ 🇸🇦

💎 Дар намуди ҷуфти миёни бонувони то 14 сола
🥇Злата Низамиева 🇺🇿
София Пак 🇰🇿
🥈Назли Худайқулиева 🇹🇲
Айяра Адилбек 🇰🇿

💎 Бонувон инфиродӣ то 16 сола
🥇Илима Гусейнова 🇹🇲
🥈Влада Кузменко 🇰🇿
🥉Аниса Яҳёева 🇹🇯

💎Писарон инфироди то 16 сола
🥇Атай Асеинов 🇰🇬
🥈Иван Бондаренко 🇰🇿
🥉Абубакр Адамов 🇰🇿

💎 Дар намуди ҷуфти миёни бонувони то 16 сола
🥇Илима Гусейнова 🇹🇲
Влада Кузменко 🇰🇿
🥈Сайёра Раҳматуллоева 🇹🇯
Аниса Яҳёева 🇹🇯

💎Дар намуди ҷуфти миёни писарони то 16 сола
🥇Нурислом Мусо 🇰🇿
Атай Асеинов 🇰🇬
🥈Климентий Рудниский 🇰🇬
Алшинхан Муҳаммадкали 🇰🇿

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд